Аз пайи паланг

ва солҳои сол ин ном ифтихори ман буд. Барои чӣ ҳоло, ки ҷонвар мисли худи ман пир шудаасту азоб мекашад, боз аз дасти ман ранҷ мекашад, беҳурматӣ мебинад...
Муйсафед ҷавонияшро ба ёд оварду яке саги пирашро бо номи пештарааш фарёд кард. Ҷасур, Ҷасур... Саги пир аз ин фарёди ногаҳонии мӯйсафед ҳайрон шуд. Ба ин мӯйсафед чӣ шуда бошад, охир ӯ ду-се сол аст, ки танҳо пирсаг гӯён, ӯро ном мебурд. Ҷонвар аввал бовар накард. Гӯшҳояш сих шуданд. Ҷасур-Ҷасур...
Саги пир аз нав ҷон гирифт, меҳри сагонааш рӯ заду баргашта пеши мӯйсафед омад. Боз пойҳои ӯро бӯида, думашро ликонда изҳори миннатдорӣ кард...
Мӯйсафед сари сагро силакунон хомӯш монд. Бобои Ҷунайд, вақте ки ин сагро ба худ гирифта буд, чилу шаш сол дошт. Он вақт Ҷасур ҳамагӣ як кучуки чашмнокушодае буду халос... ва ҷонвар аз рӯзи аввали чашмашро кушодан ҳамин мӯйсафедро диду ба ӯ меҳр баст, меҳри сагона. Акнун Ҷасур гӯён ном гирифтанаш саги пирро ҳайрон кард. Як-ду соли охир соҳибаш тамоман тағйир ёфтааст. Дунё дигар шуд чӣ бало, ки Ҷунайди як вақтҳо далеру нотарс, ҷангалбони номдор дар сари пирӣ дамдузду парешонхотир гашт. Дигар на ҳавсалаи кор дошту на зиндагӣ, мӯйсафед азоби нодорӣ, танҳоӣ мекашид. Саги пир ин ҳолати соҳибашро ба хубӣ пай мебурд, аммо намедонист, ки чӣ кор кунад. Аз дасташ чӣ кор ҳам меомад. Охир, Ҷунайд ба нафақа баромадаасту саг ҳам пир шуда. Замона бошад, дигар гаштааст.
Саги пир боз гузаштаашро ба хотир овард. Айёмеро, ки зиндагии ширине дошту маконаш миёни кӯҳу дара буд. Он вақтҳо ӯ буду соҳибаш Ҷунайди ҷангалбон. Пеши назари саги пир ҷангали анбӯҳи камари кӯҳ, оғӯши дара, теппаю фарози зебо, чашмаҳои зулол пайдо гаштанд. Худашро дид, ки аз қафои Ҷунайди ҷангалбон шодона медавад.
Бале саг Ҷунайдро сахт дӯст медошт. Тайёр буд, ки худашро барои ӯ қурбон созад. Мӯйсафед одати аҷибе дошт. Буду шуд, ҳаёту мамоташ ҷангалу замин, обу хок буду халос.
Ҷунайд ошиқи ҳар бутта, гулу гиёҳ буд. Саг медид, ки соҳибаш бо киҳое сар ба сар намешавад. Барои як кабк ё боша

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё