Аз пайи паланг

Нахчир худаш кӣ? Чаро забон бароварда гап мезадааст. Кӣ ӯро ҳуқуқ додааст, ки одамонро муҳокима намояд.
Нахчир ҳамаи инро аз дил гузаронида тааҷҷуб мекард.
Ҳайрон мешуд, ки на ҳама бошандагони олам ба якдигар баробаранд. Чаро ба одам шикору куштор, бероҳагӣ мумкин будааст, ба дигар мавҷудот не!
Ин дам нахчири гурусна хост дарунтари марғзор раваду аз алафҳои нав аз хок саркашида шикамсерӣ хӯрад ва кӯфти хастагияшро барорад, ки нохост овози шиносе ба гӯшаш расид.
Болотар баромада, аз баландӣ бо дидаи ҳасрат ба поён, ба нишебиҳо нигоҳ кард.
Чашмаш яке ба хаймаи навсохтаи одамон, сагҳои гизала, молу гови деҳа афтоду дамаш дарун афтод. Аз аламу дард ҳалқаш сӯхт, авзоаш беҷо шуд, сари калобаашро гум кард. Ва мисли ҳайвони моргазида беқарору ҳайрон гашт. Нахчир пештарҳо низ аз одамон сахт тарсу ҳарос дошт. Ҳамин ки ба одамон рӯ ба рӯ мешуд, ҳастияшро фаромӯш мекард. Ҷонашро ба каф гирифта як тараф мегурехт. Ҷонвар яқин медонист, ки маҳз ҳамин махлуқи зираку доно сабабгори нест шудани авлод, насли вай гаштааст.
Ҳо, инҳо бо ин доноӣ, нописандии худ ба сари дигар мавҷудоти табиат ҳам балоҳои зиёде меоранд...
Охир куҷост он галаи бузҳои кӯҳӣ, оҳувон, ҳатто дигар парандаю чаранда низ ин макони як вақтҳо хурраму ободро кайҳо тарк намудаанд. Ҳамааш ба айбу гуноҳи инсон аст, фикр намуд нахчир. Ба ин гуна хулоса баровардан нахчир ҳақ ҳам дорад...
Охир, ҳамин одамон буданд, ки бо расидани пою қадамашон чашмаҳои ин мавзеъ тамоман хушк гашта, ниҳолакон аз нумӯ, сабзиш монданд. Ин макони зебои кӯҳистон, ки ватани азалии ҳайвону чарандагони нодир буд, рӯ ба вайронӣ овард. Одамон тамоми ҳайвонотро бераҳмона аз як сар несту нобуд намудаанд. Нахчир аввалҳо аз ин амали онҳо ҳайрон мешуд. Андеша мекард, ки шояд барои куштани ҷонварон зарурате пеш омада бошад ё онҳо барои табиат бори зиёдатианд. Аммо хеле баъдтар фаҳмид, ки ин хаёлаш тамоман ботил будааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё