Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шикаста, титу парешон фаро гирифтааст. Аз луху ангат, арчазори худрӯй онсӯтар ҳавзи об ба чашм расид. Дар ҳавз мурғобиҳои сафед бенизом шино мекарданд. Онҳо бидуни иртиботе байни ҳам, хомӯш, мисли қаҳриҳо ҷониби соҳил майл доштанд. Кӯҳ мисли шиками дамидаи дардманде аз худ ҳаври бадбӯй бароварда, гӯё дар қаъри бетагаш асрори накушодаеро гӯр мекард.
Селоби мурғобиҳои сарсон ноилоҷ худро ба қади ҳавзи пурлой, ифлос кашида, дохили лою чал шуданд. Акнун ҳар кадом бо ҳавсала ба лой минқор зада, баргу пояи лух меканд.
Мурғобиҳои гурусна дигар тарсу бим надоштанд, торафт ба лою чал ҷӯлида, ҳавзро аз боло ба поён мекофтанд...
Мурғи даштӣ ҳам сахт гурусна монда буд, аммо аз ҳирси талоши мурғобиҳои лошахӯр нафраташ омад ва бо қаҳр канори ҳавзро тарк карда, дарунтари ҷангал парвоз кард. Атрофро хомӯшу сард дида, аз шикорчӣ нишонае наёфт. Дилпур шуд, ки имрӯз шикорчӣ наметобад. Даме ки ба лонааш баргашт, чӯҷааш беқарорӣ дошт. Ҳайрон аст, ки чаро модараш соатҳои дароз беҳису ноҷунбон истода, ба фикру хаёл фурӯ меравад, овоз намебарорад, ӯро навозиш намекунад, балки дам ба дарун кашида меистад. Чӯҷаи навомӯхт сарашро тарафи модараш тофта ноз кард. Гумон дошт, ки ҳоло модар ӯро таги қанотҳояш гирифта, тефашро ба минқори нозукаш тоза мекунад. Баъд ҳарду якҷоя ба сайри ҷангал мераванд. Ин дам мурғи даштӣ яке бесаранҷом шуд. Танаш ларзид, аз тарс чӯҷаашро таги пар кард. Ӯ зуд бӯи боди борутро ҳис кард. Аз лонааш поинтар, наздики ҳавз нигоҳ кард, дид, ки шикорчӣ ғарами лухро яксӯ карда, ба ҳавз наздик мешавад. Аз бими ҷон мурғи даштӣ овози сахту ҷонкоҳе бароварда хост мурғобиҳои содаро огоҳ кунад. Аммо аллакай дер шуда буд. Садои даҳшатноки туфанг дар фазои дашт баланд шуду мурғобиҳо дар канори лойчал якпаҳлӯ афтиданд. Шикорчӣ ҳам бо шаст давида омад.
Аз барори шикораш хурсанд шуда, саросема дохили ҳавз шуд.
Дар рӯи об ҷисми хунолуди ду-се мурғобӣ алвонҷ мехӯрд...
Шикорчӣ метавонист бо ҳамин сайдаш – мурғобиҳои кушта, ба деҳа баргардад. Аммо ӯ нарафт, балки дарунтари беша рафта, ба камингоҳаш паноҳ шуд. Аслан шикорчӣ бо нияти

пешина
аз 193
навбатӣ