Аз пайи паланг

амалаш мехост ягона нишона – ин паланги навомӯхтро наҷот диҳад. Хаёл мекард, ки агар ҳамин шикорчӣ ба ҳалокат расад, дигар касе нест, ки мавзеи зисти паланги навомӯхтро ёбад...
Паланги пир яке беқарор гашт. Ба чор тараф чашм давонда, палангчаро дар пошнаи кӯҳпора танҳо монда худ бероҳа шуд.
Ба пайраҳаи чашмаи хунукак гузашта, хост бо шикорчӣ рӯ ба рӯ шавад. Дар пастхамӣ шамол кам мевазид. Сангҳои яхбастаю кӯлмаки обро ҳам гузашт. Барои паланги пир ҳар як шаху кӯҳпора, долу дарахти кӯҳистон ошноянд. Дар хунукӣ ҷонварон кам берун мебароянд. Охир, ба зимистони кӯҳистон на ҳар ҷонвар тоб меорад. Шояд ҳоло хирс дар хоби ғафлат бошаду суғур барин ҷонвари бепарво дар лонааш дам гирад.
Ин ҷо сангпушт ҳам то баҳор аз хонааш берун намебарояд.
Қонуни табиат ҳамин. Лекин то баҳор ҳоло хеле вақт ҳаст. Аз таги арчаҳои худрӯй «ку-ку»-и фохтаке баромаду дуртар зоғи алое нолишкунон парида рафт. Паланг ҳайрон шуд. Чаро шикорчӣ ба парандаю чаранда коре надорад? Чаро ин ҷонвари дупо танҳо палангро таъқиб дорад, ҳа, ба таври худ андешид паланги пир. Аҷоиб махлуқи бад аст ин шикорчӣ. Ӯ чӣ мехоҳад аз ин дунё, наход нафаҳмад, ки ҳокими ин кӯҳу дара мо – палангонем. Охир, мо – ҷонварон ба шаҳру деҳа коре надорем-ку. Чаро шикорчӣ деҳаро партофта шабу рӯз, дар ин ҳавои сарду яхбандӣ овораю саргардон ҷон мекоҳонад, ки охирин палангро ҳам нест кунад.
Ин дам шикорчӣ палангро худ аз наздик ба мушоҳида гирифт. Акнун ҳаракату поймонии палангро ҳам назора дошт.
Ӯҳ, ҳайвони нодоне, паланг, зӯрмандам гуфта худат бо пои худат назди марг меоӣ-а, – аз дил гузаронд шикорчии носерам.
Ин вақт шикорчӣ завқ дошт. Дигар ӯ хунукӣ, барфро ҳам фаромӯш кард, милтиқро сахт кафи даст дошта, пайт меҷуст.
– Эҳ, дунё, бо ҳамин қадар зӯру тавон паланг нодон будааст-а… ҳӣ, – ҳӣ, – ҳӣ, – ҳӣ… Наход бӯи борутро, одамизодро ҳис накунад. Шикорчӣ ҷои исташро хубтар карда афзуд:
– Биё, наздиктар биё, ки бехато паронамат.
Шикорчӣ бехабар буд, ки паланги дунёдида ҳамаашро медонад. Ҳилаву найранги шикорчиро ҳам. Аммо ӯро наҷоти фарзанд пеш мебурд. Мехост аз шикорчӣ қасосашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё