Аз пайи паланг

Сад дареғ, ки он айём хеле ба тезӣ гузашт. Он солҳо селаи палангон чӣ зиндагии ширине доштанд. Ҳатто коргарони хоҷагии ҷангал намегузоштанд, ки охирин намояндаи насли палангон – бабри барфӣ нобуд шавад, хӯрок ёфт мешуд. Ба ин қади дараи ҳамеша пурбарф пою қадами шикорчӣ қариб, ки намерасид.
Он солҳо бузҳои кӯҳӣ, дигар ҷонварон, ҳатто аз сахттарин сармоҳо раҳо меёфтанд. Ягон-ягон нахчиру бузҳои кӯҳие, ки барои чаридан ба ёлаву таҳдашт мехамбиданд, бо коҳу беда таъмин буданд. Мардум ҳам аз деҳот барои ҷонварон хӯрок меоварданд. Он вақт куштани ҷонварон манъ буду гуноҳ ҳисоб меёфт...
Вале зиндагӣ, ҳаёт ранги дигар гирифт, ё одамон дигар шуданд, ки осоишу оромии парандаю чарандаи ин кӯҳу даман ҳам поён ёфт. Баъд рӯзҳои сиёҳ оғоз шуданд. Гуруснагӣ ба тухми ҳайвонот қирон овард. Ёфтани луқмае барои ҷонварон ба ҷон баробар шуд. Гӯё ҳама мавҷудоти олам ба онҳо – ҷонварону парандагони нодир душман гаштанд. Ҳам одамон, ҳам шикорчиёну ҷавонон аз пайи ба даст овардани ҷонваре мегаштагӣ шуданд. Дар шаҳрҳо қафасе холӣ намонд. Насли палангон ҳам ба ҳадди нестӣ расид...
Паланг садои милтиқу бӯи борутро ҳам бори нахустин ҳамон сол шунид. Аз ин садои даҳшатбор палангони бисёре куштаю боқимонда фирор намуданд. Ва аз ҳамон айём ӯ ин шикорчии лоғари олусчашмро ҳамроҳи ёваронаш сахт бад дид, ба худ душмани ҷонӣ донист. Дертар, ҷонварон ба садои тиру борут, дунболгирии шикорчиён одат карданд. Вале палангон ба хамаи ин тан додан намехостанд. Ёри ӯ – паланги нари бадхашм бебокона ба шикорчиён ҳамла мекард. Нохост пайт ҷуста, аз пеши онҳо мебаромаду ба дили бисёр шикорчиён ваҳм меандохт. Ана, ҳамин шикорчӣ ва ҳамроҳонаш оқибат паланги нарро ба дом афтонданд. Ӯ талвосаи ҷонкоҳонаи ёрашро, садои дардолуду даҳшатовари ӯро то ҳол нағз дар ёд дорад. Садоҳои якнавохти тир ва силтавдиҳии доми дугонаи дандонадор ҳанӯз хам ба тани ӯ ларза меорад.
Ана, ҳамон сол паланги пир аз ягона ёру пуштибонаш бо сад азобу алам якумрӣ ҷудо шуд. Акнун ӯ бо ягона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё