ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа
АЗИЗИ АЗИЗ
ДЕВ ДАРАХТ
(Афсона) 1.
Дар як замон, дар як макон, деве мезист. Дев аз офтоб метарсид ва фақат шабҳангом истиқомат мекард, субҳидам, пеш аз тулўъи офтоб, худашро ҷоду карда, ба сурати дарахт медаромад. Аз ин сабаб ўро Девдарахт мегуфтанд.
Макони истиқомати дев як боғи сабзу хуррам ва худи боғ дар биёбон воқеъ буд. Аз дили боғ чашмае ҷўш мезад ва оби зулоли он ба ҳар тараф ҷорӣ ва сабаби сарсарсабзию хуррамии боғ буд.
Албатта, ба ин макон ҳар замон корвоне мерасид. Баъзан чанд тан ё ягон мусофири танҳо ҳам меомад. Мусофирон дар офтоби майнасўз аз миёни хомаҳои тафсони рег чанд шабу чанд рўз гуруснаву ташна гузашта, ба канори боғ мерасиданд ва дарахтони бисёри пурмева, сабзаву себаргазор, сояҳои салқину шамолаки форами онро дидаву ҳис карда, ангушти ҳайрат мегазиданд. «Худоё, чӣ мўъҷиза!» – беихтиёр нидо мекарданд онҳо. Пас, шукркунон ба боғ даромада, аз оби зулоли чашма ҷигари сўхтаашонро об дода, кўлбор мекушоданд...
Ҳеҷ кас хабар надошт, ки соҳиби боғ Девдарахт аст ва аз оби чашма нўшидану дар сояи дарахте ғанаб рафтан хатарҳо дорад… Лекин Девдарахт ба ҳар меҳмони боғаш кордор намешуд: баъзеро раҳо мекард, баъзеро сарфи назар менамуд, баъзеро нодида мегирифт. Вай нағз медонист, ки киро асиру ҷоду кунад, нагузорад, ки аз боғ берун равад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё