Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Умдатарин хусусиятҳои поэтикии ин ҷараёни услубиро аз повесту романҳои С. Улуғзода дидан мумкин аст»
[253, 325-326].
Дар замони бозсозӣ (1985-1990) ва истиқлолият аз соли 1991 ин ҷониб С. Улуғзода аз қайди мафкураи сиёсӣ озод мешавад ва таваҷҷуҳи мунаққидону адабиётшиносон ба эҷодиёти нависанда меафзояд [105; 142; 246; 191]. Махсусан, дар таҳқиқотҳои Раҳими Мусулмониён [151], Худойназар Асозода [52; 53; 54; 55; 56;], Маъруф Раҷабӣ [174; 175; 176], Маъруф Исоматов [115], Шамсиддин Солеҳов [199], Сайрам Бақоева [60], Алиҷон Чориев [235], Матлубаи Мирзоюнус [140], Ҷамилаи Мурувватиён [146] ва У. Ғаффоров [90] паҳлуҳои гуногуни осори фарогири нависанда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, мавқеи арзишманди адиб дар адабиёти давраи нави тоҷик таъкид меёбад.
Муаллифони номбурда, бештар ба насри таърихии С.
Улуғзода муроҷиат карда, фаъолияти нависандаро дар насри тоҷик аз ҳамин паҳлу муайян кардаанд: «С. Улуғзода, – гуфтааст профессор Х. Асозода, – дар байни адибони садаи бисти тоҷик баъд аз С. Айнӣ ягона фардест, ки ба офаридани симо ва шахсиятҳои фарҳангии таърихӣ ҷиддан камар баст» [54, 203].
Профессор Х. Асозода дар асарҳои ба С. Улуғзода бахшидааш – «Абулқосими Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода»
(2000), «Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода» (2001) ва «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ» (2005) бо истифода аз усули муқоисавӣ-таърихии таҳқиқ бурду бохти зиндагӣ, ҳунари образофаринӣ ва диди фарохи таҳлилии нависандаро нишон дода, собитқадамӣ ва майли беандозаи ӯро дар шинохти шахсиятҳои бузурги фарҳангии миллати азизаш – Абулқосими Фирдавсӣ ва Садриддин Айнӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Монографияи Маъруф Раҷабӣ – «Сотим Улуғзода – абармарди набард ва андеша» бошад, асосан ба таҳаввули сабки нависандагии С. Улуғзода бахшида шуда, муҳаққиқ тавассути ҷамъбастҳои амиқу дақиқи илмӣ арзишҳои эстетикӣ ва иҷтимоию тарбиявии осори бадеии адибро равшану возеҳ нишон додааст.

пешина
аз 471
навбатӣ