Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ман чӣ кор мекунам?
– Ҳар коре, ки ман фармоям, мекунӣ.
Ризо паҳлуи бараҳнаи чиркинашро хорида сукут кард, ба хаёл рафт.
Восеъ рӯмоли холишудаашро ғундошта, рафтанӣ шуда бархосту гуфт:
– Агар ту розӣ бошӣ писархонди ман шавӣ, пагоҳ дар ҳамин вақт ба Дараи Мухтор биёву маро бубин. Розӣ набошӣ – набиё. Хуб?
Ризо ба замин нигоҳ карда истода ба аломати қабул сар ҷунбонд...


Рӯзи дигар баъд аз пешин Ризо дар хонаи Восеъ ҳозир гардид.
– Омадӣ? Боракалло! – хушнуд шуд Восеъ. Новаи оби чашмаро нишон дода фармуд: – Дар ин ҷо дасту рӯят, поятро бишӯй.
Ризо пояш, дасту рӯяшро шуст.
– Ин ҷо биё, бишин. – Восеъ ӯро дар намади рӯйи суфа нишонда, аз ҳавлии дарун занашро ҷеғ зад, Аноргул омад, аз паяш Гулъизор ҳам пайдо гардид. – Ин сағираро мешиносӣ? – пурсид ӯ аз занаш.
Аноргул Ризои дар суфа ба паҳлуи шавҳараш боадабона нишастаро дида ҳайрон шуд, зеро Восеъ мулоқоти дирӯзаи худро бо Ризо, дар адири наздики Камолӣ, ба аҳли хонаводааш нагуфта буд.
– Ӯро кӣ намешиносад? – гуфт Аноргул.
– Аз ҳамин рӯз Ризо писархонди мо мешавад, – эълон кард Восеъ. – Ин ба ман қавл дод, ки аз гапам намебарояд, ҳар хел ҷиннигӣ, қилиқҳои нозебашро мепартояд. Ҳамин тавр не, Ризо?
Ҷавон изо кашидагӣ барин лабашро инҷ намуда ба замин нигоҳ кард.
Назари ба Восеъ духтаи Аноргул ва духтараш ифодаи сарфаҳмнаравӣ ва савол буд; аён буд, ки онҳо аз ин қазия дар тааҷҷубанд ва онро намеписандиданд.

пешина
аз 471
навбатӣ