АХТАРОНИ АДАБ

– Охир хизмат мекунӣ–ку, чӣ миннат дорад?
– Ман медонам, ту намедонӣ, акаи Восеъ.
Ногаҳон Ризо як каф хокистарро гирифта ба сари мӯйрасидааш пошид, ба дасту рӯяш молиду монанди гӯлахиён шуда боз гуфт:
– Ман ана ҳамин тавр шуда гаштан мегирам.
– Чӣ девонагӣ мекунӣ, Ризо! – Восеъ ҳам ҳайрон шуд ва ҳам қаҳраш омад. – Ин чӣ қилиқ?
1
– Мехоҳам, ки мардум маро чалфас гӯянд, шайтон гӯянд, ғӯл гӯянду аз ман ҳазар кунанд!
– Чӣ магар ту одами ёбоӣ ҳастӣ, ки аз мардум мегурезӣ?
– Ёбоӣ ман не, дигарон.
– Киҳо?
– Ҳама.
– Сабаб?
– Сангалиро дидӣ, бо он сағира чӣ кард, бо ман чӣ кард? Ёбоӣ ӯст ё ман?
– Вай ҳақиқатан нокас аст, аммо ту ҳамаро бад мекунӣ.
– Ҳамаро не. Туро бад намегӯям.
Онҳо боз фурсате ҳамин навъ гуфтгузор карданд, баъд Восеъ гуфт:
– Ризо! Агар ту ҷиннигиат, қилиқҳои бемазаатро партоӣ, ман туро писархонди худ мекунам. Ту ба ин чӣ мегӯйӣ?
Ризо як навъ нобоварона ба чашми Восеъ нигоҳ карда истоду пурсид:
– Писархонд карда чӣ кор мекунӣ?
– Одам бо писари худ чӣ коре, ки кунад, ҳамонро мекунам.
– Мезанӣ?
– Агар гандагӣ кунӣ, гапамро нагирӣ, албатта мезанам.
Чалфас – чиркин (дар шеваи кӯҳистон).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё