Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ЧОРУМ

Восеъ мебоист то як андоза хушҳол мебуд, зеро ки акнун агарчи ба сахтӣ ва ногуворӣ ҳам бошад то як муддат – то андозчинии ояндаи амлокдор гиребони худро аз чанги ӯ халос карда буд. Аммо Восеъ нафақат хушҳол набуд, балки як лоқайдӣ ва беҳавсалагӣ ба ӯ рӯй дод. Ӯ мисли каси роҳи дарозеро тайкарда магар хеле монда шуда буд, ки ба шуғли зарурии рӯзгораш ҳам маҷол надошт. Намуди ҷувозхонаи аз кор монда ва ҷувозкундаи нави чанг пахшкарда дилашро реш мекард. Ҳамқишлоқиён хобидани ҷувозхонаи ӯро дониста дигар ба вай пунбадона, кунҷид, зағир ҳам намеоварданд, равғанкашӣ намефармуданд.
Рӯзи дароз ӯ гоҳ ба кӯча мебаромад, гоҳ боз ба ҳавлӣ баргашта дар болои суфаи таги чинор соатҳо зонувонашро оғӯш карда хомӯш менишаст. Ва гоҳе дар ҷувозхонаи сокиту ороми худ хилват ихтиёр мекард. Нигоҳубини асп, тараддуди обу ҳезуми хона ҳам ба уҳдаи зану духтараш монда буд.
Як ҳафта ба ҳамин минвол гузашт. Дар сари ҳафтаи дуюм Восеъ фикр кард, ки ҳарчи ҳам бошад гове пайдо намуда ҷувозро гардондан лозим аст.
Дар деҳаи Камолӣ хоҳар ва язнаи ӯ зиндагӣ мекарданд.
Язнааш Сангалӣ деҳқони ба худаш тинҷ буд, ҷуфти гов дошт. Восеъ ба ӯ некиҳо карда, аз ҷумла оилаи ӯро дар ин ду соли қаҳтӣ аз равғани ҷувоз таъмин намуда омада буд.
Ҳозир ҷуфтронию шудгори казоӣ нест, Говони Сангалӣ бекоранд, ӯ бояд не нагӯяд.
Восеъ як пагоҳ ба Камолӣ равон шуд. Аспи ӯро ҳамсояаш Нозим дина пагоҳӣ талабида бо коре ба Балҷувон рафта буд, Восеъ ба хонаи хоҳараш пиёда рафт.
Дар болои дарае, ки Камолӣ дар он воқеъ шудааст, Восеъ ба Сангалӣ вохӯрд, ки хари ҳезум боркардашудаашро ҳай карда рафта истодааст. Дуяшон ҳамроҳ ба деҳа даромаданд.

пешина
аз 471
навбатӣ