АХТАРОНИ АДАБ

Дар вақтҳои фориғ аз ҷуфтронӣ ва чигинакашӣ ҷонвар ҷувоз мекашид. Акнун минбаъд Восеъ арзану кунҷити мардумро дар ҷувозхонаи худаш бо барзагови худи онҳо кашида медиҳад.
Дар бозори Ховалинг ғуноҷин саду чил ва барзагов дусаду сӣ танга савдо шуд. Аз сесаду ҳафтод тангаи ба даст даромада сӣ танга закот ва бист танга аминона додан лозим омад. Панҷ танга ҳам ба даллоли шилқини бозор рафт.
Амин ва закотчии бозор Абдулкарим ном додари амлокдор буд. Додарон бо ҳамроҳии Алайкбахшбои балҷувонӣ закоти солонаи бозори Ховалингро аз ҳакимхона ба сад ҳазор танга харида гирифта буданд. Тамоми закоту аминонаи ҷамъшуда ба кисаи ҳамин се нафар бой медаромад.
Аз ҳар сари чорпойи ба фурӯш расида миқдори закоти як вақтҳо «аз рӯйи шариат» ва аз тарафи ҳукумати амир муқарраршуда, кайҳо фаромӯш гардида, закот ва аминона
– «ҳақ»–и амини бозорро соҳибони бозор худсарона чи қадаре ки тавонанд, мерӯёниданд.
Восеъ сесаду понздаҳ тангаи дар дасташ боқимонда ба адои андоз ва ҷаримааш дода, боз дар гарданаш ҳаштоду панҷ танга қарз монд.
Ва ҳол он ки аз ин қарзи ӯ панҷоҳ тангаи нақд (закот ва аминона) аллакай ба кисаи амлокдор Абдуқайюмбой ва бародараш Абдулкаримбой даромада буд.
Амлокдор якбора ин қадар пули роҷеъулнақдро ба даст дароварда, магар дилаш нарм шуда буд, ки дар бобати бақияи қарзи Восеъ сахтгирӣ накард:
– Хайр, ҳеҷ гап не, мондагиашро то тирамоҳ диҳӣ мешавад, – «гузашт» кард ӯ. Абдуқайюмбой худро амлокдори боадолат ҳисоб мекард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё