Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Э.) чи дар драматургия ва чи дар наср дар давраҳои гуногуни тараққиёти адабиёти советии тоҷик ба муҳимтарин масъалаҳои рӯз даст мезанад ва беҳтарин шаклҳои ҳалли мавзӯъро ҷустуҷӯ менамояд» [169, 403].
Дар байни асару мақолаҳое, ки солҳои 60-уми садаи ХХ ба эҷодиёти нависанда бахшида шудаанд, мақолаи М. Муллоҷонов «Нависандае, ки дӯсташ медорам» [145], китобҳои М. Шукуров бо номи «Сотим Улуғзода» [257] ва К. Юсуфов «Сотим Улуғзода ва повести тарҷумаиҳолии ӯ «Субҳи ҷавонии мо» [261] бо фарогирӣ ва амиқияти таҳқиқ фарқ мекунанд. М. Муллоҷонов Сотим Улуғзодаро «ҳам носир, ҳам драматург, ҳам публитсисти оташинсухан ва ҳам адабиётшиносу мунаққид» ном бурда, таъкид мекунад, ки то ҳол муҳаққиқон ва мунаққидони адабиёт ба эҷодиёти адиб баҳои даркорӣ надодаанд: «Бо таассуф қайд кардан зарур аст, ки дар қисми дуюми «Очерк» ҳам («Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» дар назар аст – С. Э.), ки дар он ба Улуғзода монографияи махсус бахшида шудааст, ба эҷодиёти дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эҷод кардаи нависанда рӯякӣ баҳо дода шудааст» [144, 58].
Қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» бошад, муаллифи худро дар муҳити адабии халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он басо шуҳратёр гардонд ва ин асар мавриди гуфтугӯи ҷиддии суханшиносоне чун А. Н. Марков, В. А. Смирнов, И. Л. Гранберг, М. Авезов, Г. Ломидзе, И. Бечка, М. Турсунзода, З. Г.
Османова қарор гирифт [66, 4]. Махсусан, дар монографияи К.
Юсуфов повести «Субҳи ҷавонии мо» аз лиҳози мазмуну муҳтаво ва услуби баён басо ҷиддӣ ва амиқ таҳлилу таҳқиқ меёбад ва таъкид мешавад, ки: «Эҷодиёти С. Улуғзода дар Иттифоқи Советӣ ва хориҷи кишвар, аз ҷумла Чехословакия, Эрону Афғонистон низ ба табъ расида, хонандагони зиёде пайдо кардааст» [261, 108].

пешина
аз 471
навбатӣ