Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Душвории асосӣ иборат аз ин аст, ки дар бораи ин ҳаракати халқ, дар хусуси худи Восеъ ва наздикони ӯ сарчашмаи муътамади таърихӣ кам аст. Хушбахтона, дар солҳои сӣ сурудҳое, ки халқ дар бораи он шӯриш ва пешвои худ эҷод кардааст, навишта гирифта шуда буданд. Дар ин таронаҳои таърихӣ образи қаҳрамони халқ ба вуҷуд оварда шуда, меҳру муҳаббати заҳматкашон нисбат ба ӯ, ғаму андуҳи онҳо аз шикасти муборизаи адолатхоҳонаи вай бо сӯзу гудозе ифода гардидааст.
Вале ин сурудҳои таърихӣ асосан фикру ҳиссиётеро, ки халқ аз он воқеаи бузург ҳосил кардааст, ифода намуда, рафти воқеаҳоро бо ҳама тафсилу ҷузъиёташ тасвир накардаанд ва аз бисёр ҷиҳатҳо барои роман мавод дода наметавонад.
Сотим Улуғзода бо истифодаи таҳқиқоти... муаррихон қаноат накарда, низ аз забони сокинони Ховалингу Балҷувон нақлу ёддоштҳо ҷамъ кардааст. Ӯ дар соли 1961 ба мунаққид Масъуд Муллоҷонов гуфтааст: «Қишлоқ ба қишлоқ гашта, он ҷойҳои таърихиро бо чашми худ дида, бо бисёр мӯйсафедоне, ки шӯриши Восеъро дар ёд доранд, ҳамсуҳбат шудам, материали гаронбаҳое ҷамъ кардам».
Дар айни замон нависанда, албатта, бисёр санадҳои адабӣ ва таърихии охирҳои садаи XIX: дастхатҳо, тазкираҳо, қайдҳои сафари сайёҳони ҳамон давра ва ғайраро низ «мисли олими таърихшинос» омӯхтааст.
...Вазифаи нависанда як–як ҳикоя кардани воқеаҳои таърихӣ набуд, балки тасвири ҳаёти халқу мамлакат, бо ёрии воситаҳои бадеӣ таҳқиқ намудани решаҳои таърихии ҷунбиши омма ва зоҳир кардани бузургию тавоноии халқ буд.

Тасвири ҳаёти халқу мамлакат дар романи Сотим Улуғзода ба дараҷаи зарурӣ вусъат дорад...
Комёбии асосии нависанда дар тасвири қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ аст ва ӯ образи барҷастаи пешвои мардуми заҳматкашро офаридааст, ки онро яке аз беҳтарин образҳои насри имрӯзаи тоҷик шуморидан мумкин аст.
Таҷрибаи Сотим Улуғзода дар тасвири вусъатноки эпикии қиёмҳои стихиявии халқ дар адабиёти шӯравии тоҷик таҷрибаи аввал буд. Аҳамият ва арзиши ин таҷриба барои он нависандагоне, ки дар оянда низ ба ин роҳ қадам хоҳанд гузошт, хеле калон хоҳад буд.

пешина
аз 471