Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ қадам нигоҳ дошт.
– Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! – аз ҷигар фарёд кашид ӯ.
– Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, падари шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..
Сарбозон ӯро дигар ба гап задан намонданд, тунд тела дода пеш ронданд.
Гулъизор бехуд шуд, ба хок ғалтид; ҳамқишлоқиҳояш ва аммааш ӯро бардошта ба канор бурданд.
Восеъ, Назир ва Давлат Айюбро аз бандиҳо ҷудо карданд. Боқӣ чилу се нафарро, бо шикастани устухони пойҳошон ба зарби болға, дар лаби сангоб пуштнокӣ қатор хобонданд.
Ҷорчии савор бо овози баланди дупӯста «тасаддуқи сари ҷаноби олӣ» гардидани «ин ёғиҳои малъун»–ро эълон мекарду аз халқ дуои умрдарозӣ, комронӣ ва шону шавкати амирро металабид, аммо дар издиҳоми халқ ба ҷуз якто–нимто одамони хушлибос, муллонамо ва солхӯрда касе даст ба ришу мӯяш намекашид.
Ҷаллод аз носкаду ба даҳонаш нос андохта, корди борики дудамаашро аз ғилоф кашида ба кори хунини худ сар кард...
Баъд пешин Восеъ, Назир ва Давлат Айюбро бар аспҳо нишонда, пойҳошонро ба шиками асп баста, бо бист сарбоз ба Ҳисор равона карданд. Давлат–қаравулбегӣ, низ бо ҳамроҳии чанд нафар амалдору сипоҳӣ равона шуд.
Фотима монанди девонаҳо сару по бараҳна, афтону хезон дод зада аз паси корвони сарбозҳо рафт. Одамони дилсӯз вайро нигоҳ доштанӣ мешуданд, тасаллӣ медоданд, насиҳат мекарданд, аммо ба гӯши вай ҳеҷ гап намедаромад, одамонро дур меронд, ба сараш хок мепошиду:

пешина
аз 471
навбатӣ