АХТАРОНИ АДАБ

– Ҳов, гап дорам... Ту биё, Восеъ, ба мо ҳамроҳ шав.
– Ба шумо ҳамроҳ шавам? – чашмонашро калонтар кушода ба ӯ нигарист Восеъ. – Худи шумо кистед?
– Мо, ба қавли манғитҳо, ёғиву тоғӣ ҳастем. Агар ту биёӣ, сардори мо мешавӣ, акаи Восеъ. Биё, ҳар чӣ бодо бод, аз дараҳо ҷавонони шердилро ғун мекунему сар ба кӯҳҳо мегирем. Ту сардори мо ки шудӣ, ҷавонон худашон омадан мегиранд, чунки номи ту ба баҳодурӣ баромадагӣ, халқ туро мешиносад, ҳурмат мекунад... Ҳарҷо амалдорро дидем, мезанем. Амлокдору закотчӣ, амалдор, доруғаҳоро мезанем. Биллоҳи азим, охир, то кай мо ҷафо мекашем?
То кай монанди ана, ин гови ту чашмамон бастагӣ, юғи золимон ба гарданамон, хорию зорӣ кашида, мутеъу фармонбардор шуда мегардем? Манғити гург ҳамаи моро гӯсфанд кард, биё, мо ҳам як бор гург шавем.
– Саидалӣ аз гуфтан бозистода, таъсири суханашро санҷиданӣ шуда ба Восеъ чашм дӯхт. Восеъ андешамандона худ ба худ ба аломати тасдиқ сар меҷунбонид.
– Биллоҳи азим, моро дар кӯҳҳо ҳеҷ кас қапида наметавонад, – гуфт боз Саидалӣ.
– Дуздӣ, роҳзанӣ мекунем?
– Роҳзанӣ не, манғитзанӣ.
– Чанд вақт манғитзанӣ мекунӣ? То кай?
– То вақте ки ҷон дорему зада метавонем.
– Баъд чӣ?
– Баъд ҳарчи бодо бод. Одамизод ба дунё як бор меомадаасту як бор мемурдааст.
– Ҳоли фақирон чӣ мешавад?
– Фақирон? Фақиронро ба ин кор чӣ кор?
– Чӣ, магар ману ту ҳам аз фақирон нестем?
– Гапатро нафаҳмидам, чӣ гуфтан мехоҳӣ?
– Ту ки манғита мезанӣ, мекушӣ, ӯ магар нигоҳ карда меистад? Ниқори туро аз фақирони бегуноҳ намегирад?
Падарат, бародаронат, аёлу кӯдаконатро толону тороҷ намекунад? Зиндон намекунад? Намекушад? Қишлоқҳоро ҷазирбод намекунад?..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё