Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ман ҳам! – ба ӯ пайравӣ кард Давлат Айюб.
Пас боз чандин овозҳои дигар ин нидоро такрор карданд: «ман ҳам!... ман ҳам!»
Восеъро ҳиссиёти миннатдорӣ аз ёронаш фаро гирифт.
Агар метавонист, вай бархоста ҳамаи онҳоро як–як оғӯш мекард. Онон ҳеҷ гоҳ барояш ин қадар азиз ва маҳбуб набуданд. Вай мисли ин ки худаш бо худаш гап мезада бошад, бо овози паст ба сухан даромад:
– Одамизод фақат як бор ба дунё меояду як бор меравад.
Ман мегӯям, аз мурдан ба хории ҷавру зулм, одам беҳтар, ки дар ҷанги золимон мардона бимирад, – фикри дӯстдоштаи ба дилаш нишастаро такрор кард ӯ. – Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор шаванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, таги по кунанду ту хап истӣ – номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат ёру дӯстонат ҳақ доранд ки аз ту рӯй гардонанд... Мирон дар охири кор як шуда моро шикаст доданд, лекин мо ҳам онҳоро хуб кӯфтем. Ба онҳо нишон додем, ки мо ҳам мардем, салла ба сару фута ба миён дорем... Иншоаллоҳ рӯзе меояд, ки золим каллапо меравад. Дунё ҳама вақт як хел намеистад, дунё ҳазор хел печу тоб дорад. Ёд дорӣ, Назир, – муроҷиат кард ӯ ба бародархондааш, – Муллосафар дар Самарқанд ба ману ту гуфта буд, ки агар фуқаро ба амиру ҳокимони золим сар нафуроранд, гунаҳгор намешаванд, мулло инро дар китобҳо хонда будааст.
– Албатта, ёд дорам, – гуфт Назир, – Муллосафар боз аз забони пираш ҳазрати Эшони Махдум нақл карда буд, ки кордории амирон, амалдорон, сипоҳиёни манғит аз аҳкому дину шариат берун аст, аз барои ҳамин давлати онҳо бақо надорад.
– Мо як бор ба манғит зӯри фақиронро нишон додем! – суханашро давом дод Восеъ.

пешина
аз 471
навбатӣ