АХТАРОНИ АДАБ

Агар надиҳӣ, ман сирри туро мекушоям, ҷосуси мир буданатро ба Восеъ хабар медиҳам». Ту гуфтӣ: «Озмой! Сарат чандта?» Баъд ту...
– Дурӯғ! – сухани доруғаро бурида наъра кашид Кабир.
– Мусулмонон, ин дурӯғ мегӯяд! Туҳмат!
Восеъ нохост ба одамонаш фармуд:
– Биравед хонаашро кофтуков кунед, сарупойи аз амир гирифтаашро кобед.
Ӯ гӯё, ки фол дида буд: одамони фиристодааш ҳақиқатан аз хонаи Кабир ҷомаи нави алоча ва мӯзаи пӯстихомии пошнабаландро ёфта оварданд.
«Даъво»–и доруға собит ва ҷосусии Кабир дайн шуд, дигар ҳоҷати таҳқиқу бозпурс набуд. Бо фармони Восеъ Кабирро дар худи ҳамон ҷо ба дарахт овехтанд. Аммо Ҷобир ҳам ҷон ба саломат набурд. Восеъ ҳукми қатли ӯро баровард:
– Ту косалеси манғитҳо будӣ, чандин сол фақиронро сагворӣ газидӣ, гургворӣ даридӣ. Рӯзи ҷазои ту расид! Ту ҳам бояд бимирӣ!
Восеъ муҷассамаи интиқоми халқи ҷафодида буд.
Яке аз саворон Ҷобирро таёқе ба сараш зада аз пой афтонд. Баъд ӯро ҳам бардошта ба паҳлуи Кабир ба дарахт овехтанд.
Сипас онҳо ба кӯҳсор баромада рафтанд. Дар арзи роҳ чанде аз ёрон бо иҷозати Восеъ аз вай ҷудо шуда ба деҳаву дараҳои худ равон шуданд.
Худи Восеъ бо ҳамроҳии Давлат Айюб, Ҳикмат, Зоҳир ва чанд нафари дигар дар Девлох ном деҳаи хурде қарор гирифт. Ин деҳа дар ҷойи баланде афтода, як пайраҳаи борик ва каҷу килеб равандаро ба душворӣ ба он мебаровард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор