Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Восеъ бо онҳо фавран ба болои Ховалинг саворӣ намуд.
Вай аз халос кардани Назир, Нозим, Одина ва дигар ёрони асир афтодааш маъюс ва аз ин ҷиҳат аламзадаву ғазабнок буд. Дар Ховалинг вай чанде аз амалдорон ва боён, аз ҷумла Абдулкарими амлокдор, ноиби қозӣ, миршаб, ҷамъ ёздаҳ нафарро дастгир карда, ҳамаашонро аз дами теғ гузаронд, хонаҳошонро тороҷ кард ва оташ зад.
Ӯ ташнаи интиқом буд. Ташнагии интиқом ба ӯ ғолиб, ҳисси ночорӣ, маъюсӣ ва ғазаб раҳнамояш гашта буд.
Ёронаш ҳам дар ин ҳиссиёт ба вай шарик буданд. Ӯ шабеҳи паланги захмхӯрдае буд, ки аз душманонаш ҳар кӣ пеш ояд, медарид.
Баъди ин ҳама ҷавлони интиқомкашӣ ва хунрезӣ вай Ховалингро тарк карда, ба деҳаи худаш Дараи Мухтор рафт.
Дар он ҷо ӯ ҳавлии худро валангор ёфт. Хонааш тороҷ шуда, дару деворҳояш ғалтида, боми ҷувозхона кӯчида, дарвозаи ҳавлиро кадом касе кӯчонда бурда буд. Дарду аламе дили Восеъро фушурд, нафрату ғазабаш нисбат ба душманонаш ҷӯш зад. Намуди чандин хонаҳои дигари деҳа низ аз хонаи ӯ фарқ надошт. Нишонаи харобкорӣ, ғоратгарии сарбозони бек дар ҳар қадам намудор буд. Як тӯда мардон ва занони дар деҳа монда Восеъро бо гиряву нола истиқбол карданд.
Шарикони ӯ Ҷобири доруғаро аз хонааш кашола карда бароварданд.
– Кушед ин сагро! – фармон дод Восеъ.
Доруға фиғон бардошт, фиғони ӯ воқеан ҳам мисли уллоси саге буд ба моҳ дар шаби моҳтоб. Уллос мекашиду илтиҷо мекард:
– Маро накуш, Восеъ, ман ба ту хоинро нишон медиҳам, ки туро фурӯхт аз ту ба ҳоким хабар кашид, ҷосусӣ кард; ту ӯро куш. Хоин одами ту Кабир аст.

пешина
аз 471
навбатӣ