Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Муллосафар фикр карда истода пурсид:
– Муборакномаи ба Остонақул–қушбегӣ фиристодаи амирро кӣ дидааст? Шумо худатон дидед? Хондед?
– Дидам, хондам. Нусхаи онро қушбегӣ ба ҷаноби мир фиристода буданд, мир ба ман нишон доданд.
Муллосафар ба рӯйи Ҳоҷидомулло бо шубҳа ва нобоварона чашм дӯхт.
– Муллосафар, ту сухани маро дурӯғ пиндошта, ба ман ҳақорат расонда истодаӣ! – тоқат накарда бонг зад мудар-
1 рис. – Ин қадар ҳам не–дия! Чӣ ман авомунносам, аробакашам, ё кофири бетакбиру саломат, ки аз Худо натарсида ба ту гапи дурӯғ занам? Ман мударриси мадрасаи исломам! Ё ту инро фаромӯш кардӣ? Бо авому ҷуҳҳол мубошират карда, олимро аз омӣ имтиёз намедодагӣ шуда мондӣ? Агар ин тавр бошад, маҷлиси маро холӣ кунӣ ҳам мешавад.
– Маъзур доред, домулло, – гуфт Муллосафар, – аз ман наранҷед, ман фақат хостам, ки масъаларо саҳеҳтар фаҳмида гирам. Акнун, беадабӣ ҳам шавад, ман ба шумо боз як савол дорам.
– Хӯш, чӣ савол?
– Оё шумо шахсан ба он чи ки гуфтед, яъне ба маоф шудани Восеъ, ба уқубат карда нашудан ва саломат мондани вай, дар сурати дастгир шуданаш, кафил шуда метавонед?
– Метавонам! – бе ҳеҷ тардид гуфт Ҳоҷидомулло. – Ба ту дар ин бора кафолат медиҳам, зомин мешавам.
Муллосафар лабашро газид, ба замин нигарист.
– Гап зан, чаро дам фурӯ бастӣ?

. Авомуннос – мардуми авом, бесавод, ҷоҳил.

пешина
аз 471
навбатӣ