АХТАРОНИ АДАБ

Марде қоматбаланди шофбурут. Дар миёнаш қамчин. Оре, бешак ин Саидалии зувайрӣ аст.
Меҳмон рост омада ба ҷувозхона даромад.
– Гумон намекардӣ, ки ба пешат меоям?–баъд аз вохӯрдии дудаста хандида, қатори зичи дандонҳои сафедашро намоиш дода гуфт Саидалӣ. – Роҳам аз ин дара ғалтид, гуфтам як акаи Восеъро дида равам. Хуб, сиҳат– саломат ҳастӣ?
Восеъ хост ӯро бароварда ба суфаи таги чинор нишонад, аммо меҳмон қабул накард:
– Ташвиш накаш, ҳамин ҷо хилват аст, ҷойи хуб. Ман камтар шишта қатии ту чақчақ мекунаму меравам.
Аспамро дар пушти дарвозаат баста даромадам.
«–Чаро ба ӯ ҷойи хилват лозим шудааст?» – ба дил гузаронд Восеъ ва ноилоҷ ӯро дар пӯстаки паҳлуи дар ҷой доду худаш ҳам дар рӯбарӯяш нишаст.
Дуяшон ошно набошанд ҳам, шинос буданд. Восеъ ин бузкаши номиро дар тӯю маъракаҳо бисёр медид, зеро худаш ҳам дар бузкашиҳо иштирок мекард ва ин бозиро дӯст медошт.
Аммо Саидалӣ баъд аз он ки Давлат-қаравулбегӣ бо ӯ чап шуда чорбоғи овозадорашро дар кӯҳи Чаган хароб кард, якбора ғайб зада як–ду моҳ боз худро нишон намедод.
– Чаро наменамоӣ, Саидалӣ?
– Ман аз Зувайр ба Боғи Зоғон кӯчидам.
– Медонам.
– Зувайр ба ман ҳаром шуд.
– Ватани кас ба кас ҳеҷ вақт ҳаром намешавад.
– Биллоҳи азим, ҷое, ки қадами Давлат – қаравулбегӣ расида бошад, ҳаром аст.
– Қаравулбегӣ ба осмон сутун намешавад, як рӯз мемирад, деҳаи ту дар ҷояш истодан мегирад.
– Ганда зуд намемирад, аввал сари чандин хубонро мехӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё