Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва баъд чунин иловаи кинояомезе кард: – Боз мулоҳиза кардан лозим, ки фатҳнома чи хел...
аз номи кӣ навишта мешавад.
Бек ба замин нигарист, сукут кард, ӯ кинояро фаҳмид:
бешубҳа, маънии сухани Остонақул ин буд, ки «фотеҳ на ту ва на каси дигар, балки манам, фатҳномаро ҳам ман менависам». Алҳақ, ҳамин тавр ҳам буд. Агарчи шӯришро қувваҳои муттаҳиди се ҳоким бо мадади сарбозони аз Бухоро омада фурӯ нишонда, лекин пешкор ва сардор Остонақул буд. «Ҳалқадавак»–ро ба гардани Восеъ ӯ андохт ва ӯ кашид. Фотеҳи ҳақиқӣ ӯ буд.
Бо вуҷуде, ки Остонақул аввал фатҳнома навиштанро барвақт мешумурд, дар охир навиштани онро лозим донист. Ҳокимони «Ризоҷӯй» ба фармонфармои худ – амир Абдулаҳадхон мужда доданд, ки шӯриши Восеъ тамоман пахш ва «осудагии» кишвар барқарор карда шуд.
Восеъ бошад, кӯҳ ба кӯҳ, дара ба дара мегашт. Ёрони «Ҳафттан»: – ӯ, Одина, Давлат, Айюби ховалингӣ, Ҳалими Ҷавонбахтӣ, Ҳикмати шилхинӣ, Муҳаммадалии бачкаконӣ, Зоҳири сурсақовагӣ ҳамчун бод, дар як ҷо қарор намегирифтанд. Пагоҳӣ дар Калот бошанд, бегоҳӣ дар Ёхсу, рӯзи дигар дар Сарихосор.
Сарбозони ба кофтукови Восеъ баромада изи ӯро гум карда буданд. Ҳоли онҳо аз Кулӯх мингбошӣ беҳтар набуд, аммо гиру дорашон, харобкориашон аз вай даҳчанд зиёд буд. Онҳо аз алами номуродии худ дар қишлоқҳо тӯда–тӯда деҳқононро ба унвони иштирокчиёни шӯриш дастгир намуда, баста ба Балҷувон ҳай мекарданд. Халқ ба камари кӯҳҳо, ба ҷангалҳо мегурехт. Сарбозон, навкарон қишлоқҳои бе одам мондаро тороҷ ва хароб мекарданд.
Бек барои ба дом афтондани Восеъ ҳилаҳои мухталиф ба кор бурд. Аз номи амир эълон кард, ки гуноҳи Восеъро мебахшад ва агар ӯ таслим шавад, амали хостагиашро медиҳад. Ин ҳила натиҷа надода буд, ки бек аз пайи зану фарзандони Восеъ афтод, – мехост онҳоро бандӣ карда, бо таҳдиди кушта шуданашон Восеъро ба таслим шудан маҷбур намояд.

пешина
аз 471
навбатӣ