АХТАРОНИ АДАБ

Воҳима, доду фарёд, даступозанӣ дар об... Оби тез ғалтидагонро бо хӯрҷинҳои тиру туфангу шамшерҳояшон ва бо амади чаппашуда якҷоя печонда бурд.
Ин буд «кордории» Ризо бо қушбегӣ. Вай дар таги об бо кордчааш гупсарҳоро шикоф карда буд. Якбора ду–се гупсар бодашро сар дода буд, ки амад чаппа шудан гирифт ва ниҳоят ғарқ шуд.
Ризо аз воҳима ва талотӯби хезондаи худ истифода бурда боз моҳивор ғӯтае заду сиҳат–саломат ба соҳил баромад. Вай ба назди шариконаш баргашт. Аъзои баданаш меларзид, аммо маълум набуд, ки аз хунукӣ меларзид ё аз ҳаяҷони дил. Пеш аз он ки худро ба камингоҳ гирад, вай истода ба дарё, ба тарафи гузаргоҳи сарбозон нигоҳе кард, гӯё мехост, аз ягон нишонаи ҷунбишу тараддуди онҳо фаҳмад, ки ғарқ шудани амад ба ӯрдуи душман чӣ таъсире карда бошад. Аммо ҷавон ба ногоҳ шикамашро дошта ба рӯйи сангҳо ғалтид.
Сарбозон ҳар замон ба тарафи камингоҳи шӯришгарон тирандозӣ карда меистоданд. Яке аз он тирҳои дайду ба Ризо расида буд. То ҳол аз одамони Нозим ҳеҷ кас тир нахӯрда буд, фақат Ризо хӯрд.
Ӯро ба камингоҳ кашиданд. Хуншору нимбеҳуш буд.
Нозим ӯро дар бағалаш нигоҳ дошта мегирист.
– Садқаат шавам, Ризоҷон, ту коре кардӣ, ки ҳеҷ фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемондӣ, – мегуфт ӯ бо дарду алам. Корнамоии Ризо на фақат Нозимро, балки ҳамаи ёронро қоил карда, дар дилҳошон меҳру муҳаббате нисбат ба ӯ тавлид намуда буд.
Ҳисориён ҳанӯз аз кори Ризо дар ғафлат буданд, гумон мекарданд, ки эҳтимол гупсарҳо ба санги таги дарё бархӯрда кафида бошанд. Баъзе сипоҳиён «чашм расид»
мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор