АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ бо як қисми қувваҳо ба тарафи Вахш ҳаракат карданро лозим донист. Эълон намуд, ки вай то Норак рафта пули Вахшро вайрон хоҳад кард, то ки агар аз Ҳисор сарбозон омаданӣ шаванд, аз дарё гузашта натавонанд. Дар баробари ҳамин вай аҳолии қишлоқҳои сари роҳашро ба шӯриш хоҳад хезонд.
Дар Балҷувон вай Назирро гузошта супориш дод, ки то ҳадди имкон шӯришгарони парокандашударо аз нав гирд оварад ва инчунин аҳолии ҳанӯз ба шӯриш ҷалбнашудаи қишлоқҳои атрофи Балҷувонро ҷалб намояд.
Овозаи лашкаркашии ҳокими Ҳисор аз мазори Хоҷа Балҷувон сар зада буд.
Восеъ мутаваллии мазорро раҳо карда, аз фасодкории ӯ дар ғафлат монд. Гумон намекард, ки шайхи хонақоҳнишин ба вай зараре мерасонда бошад. Аммо ин «каждуми таги бӯрё» метавонист неш занад ва неш ҳам зад.
Бо таълими шайх муридонаш дар кӯчаҳои Балҷувон гашта бардурӯғ лашкаркашии Остонақул ва бекҳоро овоза мекарданд. Яке аз дарвешон гӯё навакак аз Ҳисор омада ва дар он ҷо барои юриш ба Балҷувон лашкар оростани қушбегиро бо чашми худ дидааст. Мақсади Саидасрор–бо ин тариқ шӯришгаронро тарсонда парешон кардан ва ба бозгашти мири Балҷувон роҳ кушодан буд.
Кабири ба ҷосусӣ қасамхӯрда аз қазо ба доми Саидасрор афтида монд. Ба ин тариқ, ин девонбегии мири Балҷувон бо гурехтан муваффақ нашуда, ба мазори Хоҷа Балҷувон паноҳ бурда буд, мутаваллӣ ӯро дар хонақоҳ пинҳон кард. Чун девонбегӣ дар вақти бозпурси Кабир дар ҳузури бек ҳозир ва шоҳиди қасам хӯрдани ӯ буд, ба Саидасрор гуфт, ки ӯ ба тавассути муридонаш Кабирро пайдо намояд. Нишонаҳои ҷосусро маълум кард: марди миёнқади камгӯшт, ришаш сиёҳи тунук, дар чеҳраи росташ ва дар болои абрӯи чапаш хол дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор