АХТАРОНИ АДАБ

Ин хел некӣ як умр фаромӯш намешавад.
– Ғам нахӯр, Ниёзҷон, туро дар ин ҷо ҳеҷ кас хафа намекунад, агар ягон талабе дорӣ, бигӯ, ман баҷо меоварам. Ба ягон тараф рафтанӣ бошӣ, ба ту асп медиҳем.
– Ойтимуллом касал, – маҳзунона ба тарафи хона ишора кард Ниёз.
– Медонам, иншоаллоҳ, сиҳат шуда мемонад. Набошад, то сиҳат шуданаш ту дар ҳамин ҷо истодан гир. Аз хӯрокӣ, обу ҳезум ҳам хотирҷамъ бош! Одамҳои мо ба шумо мерасонанд.
Баъд Восеъ даҳ тангаи дар Қаршӣ аз Ниёз гирифтаашро ба хотир овард:
– Воқеан, ман аз ту қарздорам, Ниёзҷон. Кадоматон пул доред? – ба ҳамроҳонаш муроҷиат кард ӯ. – Ба ман даҳ танга қарз диҳед.
Аммо маълум шуд, ки ҳеҷ кадоме аз ҳамроҳони ӯ ҳам дар киса пул надоштааст.
– Лозим нест, шумо аз ман қарздор нестед, – хиҷолатомез мункир шуд Ниёз.
– Не, қарздорам, Ниёзҷон. Ту фаромӯш карда бошӣ ҳам, ман фаромӯш накардаам, – хандид Восеъ. – Аз ягон ошноям қарз карда то бегоҳ ба ту мерасонам, – ваъда дод ӯ.
Ниёз қиёфаи босалобати Восеъро, шамшери ба туҳфа ҳамоил кардаашро, чашмони дурахшандаи барқнигоҳашро, иззату ҳурматеро, ки ҳамроҳонаш нисбат ба вай менамуданд, мушоҳида мекарду аз дигаргунии дар ӯ рӯйдода ба ҳайрат монда, дар дилаш мегуфт, ки наход ин мард, ин пешвои овозадори шӯришгарон, ин фотеҳи Балҷувон ҳамон Восеъ бошад? Ҳамони Восеи галабони роҳи Қаршӣ? Э аҷаб! Аммо хулқаш, рафтораш, тарзи муомилааш дигар нашудааст: ҳамон кӯҳистонии содадил, дӯстрӯ, улфат...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор