АХТАРОНИ АДАБ

Аз афти кор, шарикон ҳамин тавр забон як карда буданд.
Назир пеш баромада ба сари Саидалӣ фарёд кашид:
– Бихез, номард! Восеъ омад, салом кун!
Саидалӣ хоҳам–нохоҳам аз ҷо бархост.
– Чӣ мегӯйӣ? – дар навбати худ Саидалӣ ҳам дод зад.
Ба Восеъ ишора карда гуфт: – Ӯ одамонашро душманворӣ ба болои ман андохта маро, ҳамроҳони маро занонад, бандонад, маиб кунад, боз ман саломаш диҳам?!.. Ту, – ба Восеъ рӯй овард Саидалӣ – ту акнун мир шудӣ, ба тақлиди мирон зулм кардан гир! Мирон ба сари ёру дӯстонашон қамчин намекашиданд, ту бикаш! Гуноҳам чист, ки маро банд мекунӣ, мезанӣ, беобрӯ мекунӣ? Ё ман бо мир ҷанг накардам? Хун нарехтам? Ман аз ту пештар шӯриш карда будам! Вақте ки ман ҷонамро ба кафам гирифта, бо золимон меҷангидам, ту дар хонаат хотирҷамъ шишта будӣ, ҷувоз мекашидӣ. Моли мир ба ман ҳалол аст. Ман аламзадаам, миру амалдоронаш ба ҳеҷ кас ин қадар зулм накардаанд, ки ба ман карданд; биҳиштворӣ боғи бо меҳнату машаққат дар Чаган сабзондаамро нобуд карданд, ман товони боғамро мегирам!..
Восеъ ба Саидалӣ дарав ҷавоб надод, аз болои асп ба ӯ як нафас чашм дӯхта истод. Аз нигоҳи хомӯшонаи ӯ Саидалӣ ба ҳолати ногуворе монда, намедонист чӣ кор кунад.
– Шарм кун, Саидалӣ! – гуфт баъд Восеъ. – Ту худатро меросхӯри мир кардӣ? Молу хазинаи мир ғанимати ҳалоли фақирони шӯриш кардагӣ аст, ҳар кас, ки ба сари худ ғанимати фақиронро ғорат кунад, дузди ғоратгар аст.
Маълум мешавад, ки ту бо мақсади дуздию ғоратгарӣ ба ғазот ҳамроҳ шудаӣ!
Саидалӣ чизе гуфтанӣ шуда даҳон кушода буд, ки Восеъ:
– Дам ист! Ман гап мезанам, ту шунав! – гуфта шасти ӯро шикаст. – Ман ҳозир барои бо ту саволу ҷавоб карда истодан вақт надорам, ҳамин қадар мегӯям, ки агар ту ин феъли бадатро напартоӣ, тавба накунӣ, сонӣ аз худат гила кун!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор