Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ҳамин вақт аз тарафи кӯча ғалоғула ва тапар– тапари суми асп баланд шуд. Гулъизор давида баромад, дид, ки Ҷобири савор қамчин дар даст як тӯда писарбача ва духтарбачагони аз алафчинӣ омада истодаро сур мекунад. Баъзе бачагон хӯшаҳои сараки сабзи гандум дар даст доштанд. Ҳама гурезон буданд, доруға аз асп фуромада ду духтарчаи хурдсолро дастгир карду бо алфози қабеҳ онҳоро дашном дода, ба рӯйҳошон ду–се шаппотӣ зад ва хӯшаҳоро аз дасташон гирифта, ба хок афканда бо мӯзаи чармихомии худ поймол карда партофт.
Ҷобир боз аспашро савор шуда ба роҳ афтода буд, ки Гулъизор тозон рафта аз ҷилави аспи ӯ маҳкам гирифт.
– Ота! – ба тарафи ҳавлиашон фарёд зад ӯ. – Биё, доруғаро қапидам.
Доруға аспашро қамчин зада пеш ронданӣ мешуд, аммо Гулъизор бо ду даст ба ҷилави он сахт часпида буд ва сар намедод.
Ғалоғуларо шунида ҳамсояҳо баромаданд: Восеъ ҳам баромад. Ӯ ҷилави аспро аз дасти духтараш гирифт.
– Чӣ меқапӣ, ҳуй кун! Гурез! –Ба сари Восеъ қамчин боло кард доруға.
– Сабр кун, ман ба ту гап дорам, – гуфт Восеъ. Овози ӯ хашмгинона ва омехта бо қатъияте буд, ки Ҷобир андак аз шасташ фуромад. – Бачаҳоро боз задӣ?
– Задам! Агар боз сарак кананд, боз мезанам! – дағдаға кард доруға.
Ғазаби Восеъ ба таркидан наздик буд. Башараи сагвор ва ришу бурути тунуки чиркини сурхтоби доруға ҳозир ба Восеъ беш аз пеш нафратангез менамуд. Ӯ ғазабашро базӯр фурӯ бурда ба одамони ҷамъшуда рӯй овард: – Шунидед? Ин саг аз газандагии худ ҳеҷ тавба намекунад!
Одамон аз ин гапи Восеъ ҳатто ба тарсу ҳарос афтоданд: охир, то алҳол ҳеҷ кас ҳад надошт, ки ба Ҷобир ягон «гапи беҷо» занад. Ва алалхусус, ӯро саг гӯяд! Ин шӯрапушти муштзан, косалеси амлокдор ҳар каси ба худаш беҳурматӣ кардаро лат мекард ва бо ин ҳам қонеъ нашуда дар ҳаққи вай туҳмате бофта, ба амлокдор хабар кашида хонаашро месӯзонд.

пешина
аз 471
навбатӣ