Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ӯро ба назорати Нозим супурданд.
Нозим аз амлокдорхонаи Ховалинг сандуқчае ҳам оварда буд, ки дар он амлокдор коғазу дафтарҳояшро нигоҳ медошт. Аз сандуқча ҳуҷҷатҳои хироҷу закот ва ҷаримаҳо, васиқаҳо, рӯйхати деҳқонони қарздор ва боз як доман коғазҳои дигарро берун оварданд. Як нафар шӯришгари кӯрсавод рӯйхатҳои қарздорони ушр, закот, қӯшпулӣ, аминона, мирона ва монанди инҳоро ба Восеъ хонда дод. Бо фармони Восеъ ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба оташи гулхан андохта сӯзонда шуданд. Дар он дам шуълаи оташ ҳам гӯё бо ҳамроҳии деҳқонон тантана мекард, ҷавлон мезад.
Ғалларо дафъатан ба осиёбҳои наздику дур кашонда, орд карда оварданд. Ду–серӯза хӯроки шӯришгарон таъмин шуда буд.
Бегоҳирӯзӣ Кабир аз Балҷувон баргашт. Қавоқаш овезон ва ҳавосаш парешон менамуд. Ба пурсишҳои Восеъ гӯё хоҳам–нохоҳам ҷавоб медод. Вай хабар овард, ки дар Балҷувон мунтазири сарбозони ҳисорӣ мебошанд, Кабир онро аз забони чандин кас шунида аст. Назар ба гапи мардум, ҳокими Ҳисор дар таҳти фармондеҳии Раҷаб–додхоҳ як даста сарбоз равона кардааст. Додхоҳро фардо баъди пешин ё пасфардо саҳарӣ мунтазиранд.
Дар пойи қалъа як дусад нафар сарбозони савораи худи бек ҷамъ шуда истода буданд. Мардуми шаҳр аз ҳаракати шӯришгарон ба тарафи Балҷувон ва дар Тути Қозӣ ҷамъ шуда истодани онон бохабаранд – ин хабарҳоро ба шаҳр деҳқонони раҳакӣ ва бозоргард мебаранд. Ғайр аз ин, бек, албатта, дар қишлоқҳо ҷосусон дорад, – гуфт Кабир.
Аммо вай ҳодисаеро, ки дар Балҷувон ба худаш рӯй дод, нагуфт. Дар он ҷо навкарони бек аз гаштугузор ва нигоҳҳои нохолисонаи Кабир гумони бад бурда, ӯро боздоштанд ва ба қалъа назди бек бурданд. Бек фармон дод, ки ӯро қин кунанд: охир вай аз рӯйи иқрори худаш бошандаи деҳи шӯришбардоштаи Восеъ будааст. Вайро аз пояш ба сутун овехта қин карданӣ шуданд, то ки ба ҷосуси Восеъ буданаш иқрор шавад.

пешина
аз 471
навбатӣ