Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Амиру ҳокимон ҳарчанд золим бошанд ҳам мусулмонанд».
«Аз кофирон бадтаранд».
«Наметарсӣ, Восеъ?»
«Аз чӣ?»
«Аз мағлуб шудан, дастгир шудан, кушта шудан».
«Домулло, шумо агар барои маро тарсонидан, аз шӯриш гардонидан омада бошед, беҳтар, ки ҳозир ба роҳи омадаатон баргардед. Ҷанг, ғазот, хунрезӣ кори мардон аст, муллоҳо ба ин кор қатӣ нашаванд беҳтар».
«Ту ба ман ситеза накун, Восеъ. Ту аз афти кор ин шӯришро ҳам дар сари қаҳру ситеза бардоштаӣ».
«Тамоми халқ ба сари қаҳру ситеза аст».
«Андеша кун, Восеъ, ба хуни фақирони бегуноҳ зомин нашав».
«Хунашон дар ҷанги мардона якбора рехта шавад беҳтар аз он аст, ки онро манғити хунхор оҳиста–оҳиста бимакад».
«Ту умед дорӣ, ки амиру ҳокимони муқтадирро мағлуб кунӣ? Умедвории ту аз чист?»
«Аввало аз Худо, сонӣ аз ҳамияту фақирон».
«Фикри хом, кори хом. Маслиҳати маро бигир, ҳоло ҳам барвақт аст, Восеъ. Мӯйсафедонро ба пеши ҳоким, ё қушбегии Ҳисор ё ҳатто ба Бухоро ба пеши амир фиристода узр гӯй, тавба кун, мӯйсафедон аҳволи фуқароро маълум карда, кам кардани хироҷу закотро илтимос мекунанд. Агар ту ба ихтиёри худат шӯришгаронро хона ба хонаҳояшон фиристода пароканда кунӣ, мӯйсафедон ҳам дар пеши ҳокимон ва амир ба ту далолат кунанд, шояд ки гуноҳат бахшида шаваду фуқаро ҳам аз хатар наҷот ёфта осуда шаванд. Амир Абдулаҳадхонро монанди падараш золим не, балки адолатпеша, бодиёнат аст мегӯянд».
«Домулло, агар ин маслиҳатро каси дигар медод, ман ӯро ҷосуси ҳоким гуфта сарашро мебуридам. Лекин ман медонам, шумо ин гапҳоро ба ман аз барои некӣ кардан бо нияти холис гуфта истодаед, аз барои ҳамин ман ба шумо ҷавоб медиҳам.

пешина
аз 471
навбатӣ