АХТАРОНИ АДАБ

«Баъд ҳам зани нағз баромад. Ман дар ҳамон вақт аз гап заданаш, хулқу одобаш, рафтораш дониста будам, ки зани хуб мешавад. Зан не, тилло! Давлат! Қурбони ин хел зан шавӣ меарзад... Ба ман нигар, Восеъ, – ба ногоҳ дар поёни таърифу тавсифи Аноргул гуфт Назир, – мебинам, ки ту аёлу фарзандонатро пазмон шудаӣ. Бихез, савор шав, ба Қарамушак бираву онҳоро дида баргард. Дар ин ҷо ман ба ҷойи ту мемонам».
Дили пазмоншудаи Восеъ тапид, ба ҳаяҷон омад.
«Вақтро нагузарон, бихез!» – исрор карда ӯро ба шитоб андохт Назир.
Аммо ҳоҷати исрор кардан набуд – як ишорае бас буд, ки Восеъ болу пар бароварда ба Қарамушак бипарад. Вай додараш Қосим, Ризо ва боз чаҳор нафар «ҷилавмерган»– ҳои худро ҳамроҳ гирифта, шитобон ба роҳ афтод.
Қариб якуним фарсанг роҳи пасту баланд, то Қарамушаки дар пойи кӯҳи Баландсар воқеъшуда камобеш дар як соат тай карда шуд. Шодии Аноргул, Гулъизор, Ҳасану Давлат поён надошт. Қосим ҳам баъди се ҳафтаи ҷудоӣ ба дидори зани ҷавонаш ва кӯдакаш расид. Соҳибхонаҳо – хешони Восеъ: деҳқони солхӯрда, занаш ва писару келинаш ба тараддуди зиёфат афтода, дар сари дегу оташдон андармон шуданд.
Восеъ пай бурд, ки Гулъизор дар байни намози дигар ва шом чор–панҷ бор ба ҳавлии берун баромада омад.
Андак бесаранҷом ва бедасту по барин менамуд. Ба хотири падараш расид, ки дар ҳавлии берун Ризо ҳаст (вай дар он ҷо бо ҳамроҳони дигари Восеъ нишаста буд) ва сабаби бесаранҷомии духтар, албатта, ҳамин аст. Восеъ хусусан баъд аз корнамоие, ки Ризо дар ҷанги Мазори Додарак кард, вайро ба худ наздик намуда буд ва беш аз пеш дӯсташ медошт.
Вақте ки ҳама дар айвон ба сари дастархон нишастанд, вай нохост фармуд, ки Ризоро ҷеғ зананд. Ҳасан аз ҳавлии берун ҷавонро ҷеғ зада овард. Гулъизор бархоста ба хона даромад, пинҳон шуд, падараш ба ин монеъ нагардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо