Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз саворон ақибтар – як дастаи хурди пиёдаҳои бо туфангҳои пилтагӣ мусаллаҳшуда ва аз паси инҳо пиёдаҳои дигар – беш аз ҳазор нафар деҳқону чӯпонҳо, таёқу шоҳиҳо ва сиёҳкамонҳои бобоӣ дар даст, роҳ мепаймоянд. Пайраҳа ва обраҳаҳо, сангобҳо, кӯталҳо пури одам.
Дар санглохҳо тақар–тақари суми аспон ба ҳаво мепечад.
Балҷувон дур аст, аммо ин мардум, ин лашкари ғазабҷӯши сафнаороста ва бе либосу нишонҳои низомӣ масофа намешуморад, вай тайёр аст аз паси саркардаи худ то «Кӯҳи Қоф» равад.
Восеъ ба роҳи нимдавраи Хам – Устосафарӣ – Дашти Ёвон – Чорбоғ равон шуд. Дар ин тараф деҳу деҳаки бисёре ҳаст, халқи онҳоро ба шӯриш хезондан лозим.
Воқеан ҳам дар саросари роҳ ба Восеъ шӯришгарони нав ба нав ҳамроҳ мешуданд. Дар қишлоқе агар якто–нимто мардони солим набароянду аз шӯриш канораҷӯӣ кунанд, дигар ҳамқишлоқиҳошон онҳоро бо зӯрӣ бароварда пешандоз карда мебурданд. Овози суруди шӯришгарон аз кӯҳу кутал акси садо ёфта ба дараҳо ғулғула меандохт:

Восеъ, ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи машҳар,
Бар фуқарост имрӯз.

Онҳо дар деҳи Устосафарӣ, ки дар баландии барҳавое воқеъ шуда боғу мевазор ва токзорҳои хушсамар дошт, истода як ду соат дам гирифтанд. Восеъ бо Саидалӣ ва Нозим дар сояи тути калони сари чашма нишаста буд, ба ногоҳ чор деҳотӣ як марди побараҳнаро пешандоз карда ба назди вай оварданд.
Восеъ, ина Сангалира овардем. Дар камари кӯҳ ёфта қапидемаш.
Мардак ҳақиқатан язнаи Восеъ – Сангалӣ буд. Дирӯз бегоҳӣ аз деҳаи Камолӣ ба Сурсақова ба назди Восеъ хоҳараш Фотима омада шикоят карда буд, ки шавҳараш аз хона ғоиб шуд.

пешина
аз 471
навбатӣ