АХТАРОНИ АДАБ

Шарикон худро канора гирифтанд.Восеъ ҷувозкундаро бағал карду бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида–калавида равон шуд.
– Намурӣ, Восеъ! Ёдат бахайр!.. Қанд бизан!.. – қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.
Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона бо эҳтиёт ба замин гузошт. Занаш Аноргул дар таги нови чашма як тағора либоси шустаашро ба об чайқонда истода буд, бо дилсӯзӣ гуфт:
– Чаро худат бардошта овардӣ, отаи Ҳасан? Охир натарсидӣ, ки миёнат мешиканад? Як–ду касро ба ёрӣ гирифта, инро ғелонда меовардӣ, намешуд?
– Ғелондем, нашуд, – нафасашро рост карда гуфт Восеъ ва баъд ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:
– Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншоаллоҳ, бист–сӣ сол ҷувоз мекашам, занак.
Ҳасан ва Давлат – писарони хурдсоли Восеъ барои чидани алафҳои хӯрданӣ ба боғот рафта буданд. Ин алафҳо понздаҳ–бист навъ буда, номҳои зебои хушоҳанг доранд: ҷанбилак, шумак, сӯзанак, лолакаҳак... Ҳасан нав акнун шашсола ва Давлат чорсола шуда бошанд ҳам, алафҳоро хуб мешиносанд. Хушкӣ ва қаҳтии ду сол пай дар пай ба кӯҳистони Ҳисору Кӯлоб рӯйоварда ҳатто кӯдакони хурдсолро ҳам алафшинос кардааст. Онҳо нағз медонанд, ки ҷанбилак, шумак ва лолакаҳаки гулисурхдорро ба атола меандозанд ва сӯзанак, шулхаву қоқуро ҳам хӯрдан мумкин аст.
Ҳамин писарбача ва духтарбачагони ба шири модар сернашуда, баъзе нав забон бароварда, гурусна, почаборик, бадан пӯсту устухон, сарлучу пойлуч буданд, – ҳамин писарбача ва духтарбачагони хурдсол, ки дар қаҳтӣ, ҳамчун табибони ҳозиқи набототшиносе, ки барои дору–даво рустаниҳои ба худашон маълумро мечинанд, дар кӯҳҳо ва адирҳо, ҷангалҳо ва боғҳо гиёҳчинӣ мекарданд, ё решаи гиёҳҳоро кофта мегирифтанд, то ки очаву апаҳошон ё боз худашон чукрӣ, ров, ҳолмун, пӯстлохи дарахти туғ ва боз чандин рустаниҳои дигарро ҷӯшонда, хушконда, орд карда атолае ё ноне пазанду гуруснагиро фиребанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё