АХТАРОНИ АДАБ

Баҳор, баҳори хурраму хандон, сабзпӯш ва гулбасар дар айни ҷавлону худнамоӣ. Шуълаи офтоб намесӯзонад ва намегудозад, балки фақат ҳамчун меҳри падару модар ба фарзанди дилбанд гарм–гарм навозиш мекунад.
Гунҷишкҳо, фароштурукҳо чаҳ–чаҳкунон дар осмони софи лоҷувардӣ парафшон ва дар ташвишу тараддуди ошёнсозӣ... Дар майдони лаби сангоб устои мӯйсафед назди устохонаи пастаки худ ҷувозкунда метарошад. Як марди миёнсоли сабзинаи ришсиёҳ ва бокитфубозу ба ин сӯ–он сӯйи ҷувозкунда гузашта онро ба чашми харидорӣ мебинад. Сартороши солхӯрда деҳқони ҷавонеро рӯйи санг шинонда мӯйи сарашро метарошад. Ӯ дар сари муштарии бечорааш ба чандин захми покуи кунди худ
1 пунба ниҳодааст. Резаворфурӯши чобук шона, дук, сӯзан, сақичу “даҳани фаранг” ва дигар молҳои майда–резаашро дар замин бар рӯйи шол паҳн карда мондаасту онҳоро ба марду занҳои гирдомада ҳай таъриф мекунад, ҳай таъриф мекунад. Дар як сӯ, зери садаи саҳни масҷид домуллои пири овозгирифта бар сари тӯдаи шогирдони чиркини хоколудаш чӯби дарози худро, монанди чӯпоне дар болои рама, бозӣ медорад. Шогирдон бо шӯру ғавғо сабақ мехонанд, дуоҳоро ёд мекунанд.
Дар лаби дигари сангоб ҷавони навраси борику ҷулдурпӯши побараҳнае, бо чашмони шӯхи пурҷило, аз болои тали Ҳазормана сарозер мешавад. Ин ҷавон Ризои
23 сағир ва ба қавли кӯҳистониён сарҳуй ва адирӣ аст, аз деҳаи Сурсақова, – деҳае, ки аз Дараи Мухтор ним фарсанг болотар дар тори кӯҳи ҳамноми худ воқеъ аст. Ризо деҳ ба деҳ сарсарӣ мегардад. Чӣ мехӯрад, шаб дар куҷо мехобад, маълум нест. Ӯ як навъ қиёфаи айёронаи муғамбирнамое дорад, ки одамон бо дидани ӯ беихтиёр механданд. Хандаашон ваҷҳи дигаре ҳам дорад, онҳо
1
. Пунба– пахта.
2
. Сарҳуй – бесар, бепарастор.
. Адирӣ – бехонумон, оворагард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё