АХТАРОНИ АДАБ

Шумо амлокдорон, амалдорони худатонро таҳқиқ кунед, тақсир.
Дар издиҳоми хомӯш истода ҷунбиш ва овозҳои ғивир– шивир пайдо шуд. Восеъ нохост кадом як тори таранги дили мардумро нохун зада ба садо оварда буд. Ҳоким бошад, дарунакӣ хашмгин шуд. «Шайтон» ба гӯши ӯ мегуфт, ки: «Ҳозир ба навкаронат фармой, ин кӯрнамаки густохро гирифта, зада–зада баранду ба зиндон андозанд!», аммо вай ба чи сабаб бошад, ки худдорӣ менамуд.
Эҳтимол, аз ваҷҳи он ки дар Қаршӣ музди галабонии Восеъро надода буд, дар худ як навъ забонкӯтоҳӣ ҳис мекард. Ба илова, шояд чунин мулоҳизае ҳам ҳис мекард, ки агар вай ҳозир ба Восеъ итобу сиёсат кунад, мардум таънааш хоҳанд зад, ки ҳокими золим аввал гуноҳи фалониро бахшиду сонӣ аз барои як даҳан арзи вай ба зиндонаш андохт.
– Хӯш, амлокдор чӣ гуноҳ кард? – бо тамкину оромии ҳар чӣ тамомтар пурсид вай.
Восеъ ҷавоб дод:
– Гуноҳаш бисёр аст, тақсир. Агар дар хирман даҳ ман ғаллаи деҳқонро панҷ ман навишта, ба пулдорҳо фурӯшонда, ушрро ба пул рӯёндан гуноҳ бошад, амлокдор гунаҳгор аст. Агар фақиронро одам ҳисоб накардан, задан, ғорат кардан, хонабардӯш кардан, аёлу фарзандони онҳоро аз гушнагӣ куштан гуноҳ бошад, амлокдор гунаҳгор аст. Аммо агар ин корҳо гуноҳ набошад, шаръӣ бошад дар он вақт гунаҳгор мо фақиронем, ки аз дасти амлокдорон дод мегӯем, ҳамаи моро ҷазо додан, зиндон кардан лозим.
Амлокдор мегӯяд, ки «ман ба фармони ҳоким амал мекунам, ҳоким ба фармони амир». Ҳамин гап рост аст ё дурӯғ, тақсир? Ман мегӯям, наход, ки амиру ҳоким аз гушнагӣ мурдани халқонро мехоста бошанд? Наход, ки ба онҳо фуқаро даркор набошад? Аммо, агар ҳамин тавр бошад, ман мепурсам – халқон аз аҷалашон пештар мурда раванд, сонӣ амиру ҳоким хироҷро аз кӣ мечинанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо