Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳова, раҳм кардам, падаратро рӯйихотир кардам, ки одами баобрӯ буд. Акнун ин дафъа ҳам агар туро ҷазои басазо надиҳам, беинсофӣ мешавад.
Ӯ фармуд, навкаронаш Восеъро гирифта ба ҳамон сутуни галаговбандӣ баста монданд. Гуфт, ки ӯро баъд аз саранҷоми хирмани Нозим ба Ховалинг бурда, аз он ҷо ба Балҷувон – ба ихтиёри ҳоким хоҳанд фиристод. Далолати пурғавғои деҳқонон ба бегуноҳии Восеъ суде набахшид.
Дар ҳаққи Нозим бошад, ҳукме содир нашуд, чунки ҳоло аз вай хироҷи султониро рӯёндан лозим буд.
Деҳқонон мехостанд зудтар дар мисоли Нозим бинанд ва донанд, ки хироҷи давлати имсол чӣ гуна ва чӣ қадар гирифта хоҳад шуд. Дар бораи хироҷи имсола ҳар хел овозаҳо буд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки амири нав ва ҳокими нав хироҷи се соли қаҳтиро ҳам ба имсол зам карда мегирифтаанд, баъзеҳо мегуфтанд, ки не, хироҷи солҳои пеш гирифта намешавад, ҳатто амир як қисми андозҳо, масалан, ноҳақонаро нест кардааст. Аҳолӣ агарчи аз таҷрибаи худ медонистанд, ки бо нав шудани ҳоким хироҷу закот ҳам зиёд мешавад ва ҳатто ин маъниро: «ҳокими нав – балои нав, бар фуқаро ҷафои нав» гуфта ба зарбулмасал ҳам дароварда буданд, аммо боз умеде доштанд, ки зоро амиру ҳоким боре ба тавфиқ оянду қадаме дар роҳи инсоф гузоранд. Бо ин умед бисёрии деҳқонон то маълум шудани қарордоди амири нав ва ҳокими нав ба кӯфтани ғаллаашон шитоб намекарданд. Фақат монанди Нозим якто– нимто деҳқонони бесабр ғаллаашонро кӯфта хирман карда буданд...
Омадани амлокдор бо навкарони яроқдор деҳқононро сахт ба хавотир андохт. Ва ба зудӣ бадтарин гумони онҳо рост баромад: амлокдор ба фармони нави амиру ҳоким такя намуда, аз Нозим ба болои хироҷи имсола қарзи се соли гузаштаро ҳам талаб кард.
Ин ҳам кам буд, ки назар ба гуфти амлокдор «давлатхонаи олӣ», андози ушрро бо пул, ки мегирифт, дар вилоятҳои Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва ғайра нархи давлатии ғалларо як ман чордаҳ танга муқаррар намудааст ва ҳол он ки дар бозор нархи ғалла як ман ҳаждаҳ – бист танга буд.

пешина
аз 471
навбатӣ