Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Одамони доруға давон омада ба ӯ дарафтиданд. Дастбагиребонӣ, занозанӣ ба амал омад. Нозим мушт мекӯфт ва калла мезад, ҳеҷ таслим намешуд, доруға хеста ба мадади хизматгоронаш омад. Секаса Нозимро кашон–кашон бурда ба сутуни галаговбандии хирманҷой баста монданд.
– Камтар офтоб хӯрад, ақлаш медарояд, – ӯро масхара карда гуфт Ҷобир.
Зани Нозим доду фарёд бардошта, доруғаро дуои бад намуда, аз даравгарони дуру наздик мадад хост. Якчанд нафар даравгарон ҳозир гардиданд.
– Мо гуноҳи ӯро аз ту мепурсем, акаи Ҷобир, – илтимос кард яке. – Ин дафъа аз гуноҳаш гузар, дигар намекунад.
Деҳқонони дигар ин илтимосро қувват доданд.
Дар ҳамин вақт ба назди онҳо Восеъ омад. Вай аз ин ҷо дуртар – дар қитъаи замини худ ҳамроҳи додараш Қосим гандум медаравид.
Восеъ аз нолишҳои пурсӯзу гудози занак воқеаро фаҳмида, чеҳраи арақини офтобхӯрдааш хира гашт.
– Кушо дасти ӯро! – Нозими дар офтоб сӯзандаро нишон дода, оромона гуфт ӯ ба доруға.
– Намекушоям! – дағдағаомез гуфт Ҷобир. – Ӯ муҳри хирманро канд.
– Кушо мегӯям!
– Ту қатӣ нашав, Восеъ. Ҷаримаро фаромӯш кардӣ магар? – «ҷазои нақдии» порсоларо хотиррасон кард Ҷобир.
Восеъ бо қатъият ба назди Нозим рафта, чилбурро, ки вай бо он чилбур ба сутун баста шуда буд, кушодан гирифт.
Ҷобир аз пасаш рафта банди дасти ӯро қапид.
– Восеъ, қаҳрамро наёр!
– Дафъ шав! – таҳдид кард Восеъ.
– Қаҳрамро наёр, мегӯям!

пешина
аз 471
навбатӣ