АХТАРОНИ АДАБ

Оқибат аз пеши онҳо Ому баромад, аз Ому гузаштанд, ба Вахш омаданд; аз Вахш гузаштанд – ба Балҷувон расиданд. Диданд маъвое бас хушу дилкаш, ҳама ҷо обшор, сабзу хуррам, ҳавояш салқин ва форам. Гуфтанд – биҳишт ин ҷост. Худо моро аз ҳашт биҳишт ронд, мо дар ин ҷо биҳишти нуҳум ёфтем. Аммо он вақтҳо дар Балҷувон ғаллакорӣ расм набудааст, хӯрокворӣ камчин будааст. Одаму Ҳаво бисёр сахтӣ кашиданд, решаву пӯстлохи дарахтонро хӯрда зиндагӣ карданд Дар охир Худо ба онҳо раҳмаш омаду барояшон аз биҳишт ҷуфти гов ва гандуми тухмӣ фиристод. Дуяшон замин ронданд, гандум коштанд, ба деҳқонӣ сар карданд. Тобистон аз гандум ҳосили фаровон бардоштанд. Аз ҳамон вақт инҷониб гандуми Балҷувон ба хубӣ ва хушмазагӣ машҳур шуд, зеро ки тухмаш аз биҳишт омада буд. Одаму Ҳаво нони гандумро хӯрда дар ин диёр ҳазор соли дигар зистанд»...
Дар дашти Ҳазормана дарав дар авҷ. Якто–нимто деҳқонони Дараи Мухтор бо галагову чапарҳо хирман мекӯбанд ё хирмани кӯфтаро бод медиҳанд. Дар як ҷо бар рӯйи хирмани тайёр пора–пора гил пахш карда шуда, дар қарибии хирман ба сояи ғарами дарза марди қоқинаи побараҳнае зонувонашро бағал карда менишинад. Ин мард Нозим аст. Ӯ ғаллаи худро аз ҳама пеш кӯфта тамом кардааст, бинобар ин мебоист хушнуд мебуд, аммо ғамгин ва парешонҳол менамояд. Дар канортари хирман ба сояи дӯлонаи калон як марди ғӯли гӯсфандрӯй, дар пояш мӯзаи чармихомии пошнабаланд ва дар миёнаш қамчин, ҳамроҳи ду деҳотии ҷавон нишаста чапотӣ мехӯрад. Ин мард Ҷобири доруға аст. Хирмани ғаллаи Нозимро ӯ бо гил «муҳр» задааст, хирмани муҳрзада ду рӯз боз мунтазири амлокдор мебошад, аммо аз амлокдор дарак нест – аз афти кор вай дар қишлоқҳои дигар хироҷ ғундошта гаштааст. Шарикони Ҷобир ҳар ду хешони худаш – дастёрҳои ӯ мебошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо