Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маҳаллаҳои шаҳри Балҷувон қишлоқчаҳои ҷудогонаи ҷафс–ҷафсеро мемонад, ки дар баландиҳо, рӯйи талҳо воқеъ шудаанд. Аз лаби Сурхоб ба пойи қалъа ва аз пойи қалъа ба тарафи шимол, шаҳрро миёнбур карда, кӯчаи асосӣ меравад; тарафи рости кӯча баландист, тарафи чапаш пастӣ буда, ба дараи Талхак фуромада меравад. Дар баландиҳои тарафи рост маҳаллаҳои Ғарибакон, Намозгоҳ, Гӯрдара ҷой гирифта, бар рӯйи талҳои тарафи чап ё дар пойи онҳо маҳаллаҳои Туркон, Ӯзбакон, Ҳамродиён воқеъ мебошанд. Намозгоҳ бо масҷиди калони сафеди сангинаш майдони васеи болои ҷариро ишғол менамояд.
Қозихона ҳам воқеъ дар як тарафи Намозгоҳ ва иборат аз хонаи калони айвондорест, ки ба саҳнаи якчанд бех тути пиру ҷавон сояандоз мебошад.
Қозӣ–марди бухории хомфарбеҳ ва сурхгунаю сурхбинӣ аз дари ҳавлии худ, ки дар он наздикӣ буд, баромада омад. Дар таги тутҳо се–чор нафар аҳли ҳоҷат – мардон ва занон мунтазир нишаста буданд, бо намоён шудани қозӣ ҳамаашон якбора аз ҷо бархоста хоҳам– нохоҳам алек гирифта, ба айвон даромада нишаст. Фаррош айвонро тоза рӯфта, об зада, ба рӯйи намад як қабат кӯрпача андохта монда буд, қозӣ дар кӯрпача чорзону зада мурофаа сар кард.
Восеъ, ки аз ҳама аввал омада буд, дар рӯ ба рӯйи ӯ ба бӯрё зону зад.
– Кистӣ ту? Чӣ арз дорӣ? – пурсид қозӣ.
Вақте Восеъ гуфт, ки аз мутаваллии мазори Хоҷа Балҷувон даъвои пул дорад, одамҳо ҷунбише карданду беш аз пеш ором шуда саропо гӯш гардиданд. Эшони қозӣ чашмони бодомиаш калонтар кушода шуда, ин дафъа ба гӯянда назари мароқнок ва тааҷҷубомезе афканд.
Даъвогар қазияи панҷоҳу панҷ тангаро бо сӯзи дил нақл кард. Аз ҳозирон паст–паст нидоҳои ҳайрат баланд мешуд. Онҳо Саидасрорро нағз мешинохтанд ва ҳозир кӯшиш мекарданд ягон калимаи Восеъро нашунида намонанд.

пешина
аз 471
навбатӣ