Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тӯра ба хизматгори худ фармуд:
– Ҳоҷиқул, аз бедонаҳо якта зӯрашро биёр, як ҷанг андохта бинем канӣ.
Ҳоҷиқул аз бедонаҳои хосса якеро овард. Надимони тӯра ва созандаву сарояндагон канора гирифта миёни хонаро холӣ карданд, Яхшибек удайчии босавлати ришкалон, ки дар синну сол ба тӯраи бисту ҳафтсола падар шуда метавонист, бедонаи хоссаро гирифта дар пойгаҳ ва худи тӯра бо бедонаи «савғотӣ» дар пешгаҳ нишаста ҷонваронро ба ҷанг сар доданд. Бедонаи хосса бол афшонда, гардани худро ёзонда, нулашро ба тарафи ҳариф найзавор рост карда ҳамла намуд, бедонаи таърифии Мирзоакрамбой гурехта гирд–гирди давра мехиромид ва паноҳ меҷуст. Ҳама диданд, ки вай ҳеҷ майли ҷангидан надорад ва сулҳ мехоҳад. Аввал тӯра ва баъд ҳамаи ҳозирон, ғайр аз Мирзоакрамбойи мулзами ба тарсу ҳарос афтода, қоҳ– қоҳ хандиданд. Қаҳ–қаҳа гӯё сангбороне буд, ки ба сари Мирзоакрамбойи бечора мерехт. Аз шиддати ханда чашмони тӯра ашк бароварданд, ӯ ашки чашмонашро пок карда, Мирзоакрамбойро масхаракунон мегуфт:
– Э намурӣ ту, Қорӣ! Э бедонаат рагу паяш катӣ аз сарат монад!...
Баъд ӯ барои дилхушӣ Қориро фармуд, ки бо Ҳоҷиқул дуяшон бедонавор ҷанг кунанд. Ҳоҷиқул, ки зоҳиран ба ин навъ шӯхиҳои ҳокими худ одат карда буд, фавран дастҳояшро мисли ду пойи пеши чорпоён ба замин ниҳода, риши зардашро, ки ба ханҷари зангзада монандӣ дошт ба пеш рост карда сӯйи Мирзоакрамбой гавак кашид. Ваҷоҳати ӯ ҳайбатнок буд, бой дар ҳавлу ҳарос афтода ба тӯра тавбаву тазаррӯъ сар кард:
– Хоки поятон шавам, тӯраҷон, саги даратон шавам, аз гуноҳам гузаред.
Тӯра дар ҳолати завқу ханда фармони худро такрор кард:
– Гапа дароз накун, бефаҳм, тезтар бедона шуда ба ҷанг даро, набошад саратро мегирам!

пешина
аз 471
навбатӣ