Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ризо:
Ҳеҷ кас дар ошиқӣ монанди ман бемор нест,
Сӯзише дар сина дорам, тоқати гуфтор нест.
Мардумон гӯянд: «Он гул хайма дар саҳро задаст»,
Он гулеро дӯст медорам, ки дар кӯҳсор нест.

– Ту байти бисёр медонистаӣ, ман шаҳрамро ба ту додам. – гӯён Гулъизор хушҳолона хандида, бозиро бас карда фуромаданӣ шуд.
Ризо бошад, худро аз шохи дарахт ба рӯйи сабза партофт. Гулъизор бо танаи дарози дарахт ғеҷида фуромаданаш лозим буд, ҷавон:
– Ист, нағеҷ, куртаатро медаронӣ, – гуфта ӯро бо такя кунондани пояш ба ду кафи дасти худ, ба замин фуровард.
Баъди ду рӯз мулоқоти танҳо ба танҳо, бадеҳагӯйӣ, изҳори муҳаббати дилдодагон дар чормағзи дигар такрор ёфт. Ризо маҳбубаи худро вақти аз дарахт фуровардан дар оғӯш гирифта аз рухсорааш бӯсид, бехабар аз он ки Қосим дар боғ пайдо шуда буд ва онҳоро медид.
– Ҳой беномусҳо, ин чӣ нағма? – мардак аз таги ток ба сӯйи инҳо қадам зада фарёд кашид.
Гулъизор бо шунидани овози амакаш гурехта аз боғ бадар рафт. Ризо истод.
– Падарлаънати шум, валадзино! – Қосим дос дар даст ба вай ҳамла кард. Ӯ чунон дашномҳои қабеҳе ба забон ронд, ки бо мақоли халқ «подшоҳро аз асп пиёда мекарданд». Ризоро ба задани бо дос ҷуръат накард, аммо як ду мушт ба сараш фуровард. Ризо дам назад, муқобилат накард; хомӯшонаву сархам аз боғ баромада рафт.
Вай ба болои тали Шунг, ки боғи Восеъ дар пойи он воқеъ шуда буд, баромада соате нишаст. Озурдахотир ва ғамгин буд. Қосим, албатта, ба модари Гулъизор хабар хоҳад кашид, баъд аз он Восеъ ҳам аз сафар баргашта аз воқеа огоҳ хоҳад шуд. Ризо инро фикр мекарду аз хиҷолат аъзои баданаш арақи сард мебаровард.

пешина
аз 471
навбатӣ