АХТАРОНИ АДАБ

Агар нону намак дар миён намебуд... Боз агар аз гап кардани мардум наметарсидам...
– ӯ ҷумлаашро тамом накарда боз ба сукут рафт.
– Ин қадар агару магари ту бисёр будааст! – хандид Гулъизор. – Хуб, ин агару магар набошад, чӣ мекардӣ? – кунҷковӣ намуд вай.
– Дар он вақт... ман дар он вақт ба ту чунон гапҳое мегуфтам, ки... худат ҳайрон мешудӣ, – ҷавоб дод Ризо.
– Қавл медиҳам, ки ҳайрон намешавам, – боз хандид Гулъизор. – Чиҳо мегуфтӣ Ризоҷон?
– Мегуфтам, ки... ман дар он вақт... ба қавли ту, бе ин агару магар... мегуфтам, ки Гулъизор духтари аз ҳама нағз, аз ҳама зебо, аз ҳама ширин аст. Гулъизор ақлу ҳуши маро тамом дуздида, диламро ҳам бурдааст. Дар номакаш бимирам, садқаи қадакои раънояш, рӯякои зебояш, чашмакои шаҳлояш шавам. Ана ҳамин тавр мегуфтам.
Дили Гулъизор тапид, чеҳрааш сурх шуд, қариб буд, ки дасту пояш аз дарахт канда шуда ба замин фурӯ ғалтад. Ба Ризо пушт гардонда ба чормағзи дар дасташ буда дуру дароз назар дӯхт. То ин вақт ҳеҷ касе ба вай чунин суханҳо нагуфта буд. Суханони Ризо ба гӯшаш чун савти руҳфазое садо медоданд.
Ризо боз гуфт:
– Аз гапам хафа шудӣ, Гулъизор?
Духтар сари инкор ҷунбонд.
Хомӯшие ба миён омада хеле тӯл кашид. Сипас Гулъизор худ ба худ дубайтии зеринро бо овози паст замзама кард:
Ситора дар ҳаво кабки зарин аст, Худам ангуштару ёрам нигин аст.
Илоҳо, ту нигинамро нигаҳ дор, Ки ёри аввалу охир ҳамин аст.
Ризо ҳам, гӯё дар ҷавоби вай, ин дубайтиро ба ҳамоҳанг тараннум кард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо