АХТАРОНИ АДАБ

Мирзои Қорӣ сар хам карда даст ба ришаш бурд. Дарбории беинсоф ришваи аз ҳад зиёд талаб мекард.
– Миёнам мешиканад, андак кам кунед, балотона гирам. Боз барои пешкаши ҷаноби олӣ ҳам, дарвоқеъ, як хӯрҷин пул лозим.
– Ман бо ту мол хариду фурӯш карда истодаам магар?– абрӯвонашро чин кард удайчӣ. – Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ – худат ба ҳузури ҷаноби олӣ даромада ярлиғ гир.
Ғайр аз розӣ шудан илоҷе набуд.
Яхшибек гуфт:
– Духтаратро ба хона оварда мон, аввал занҳо ду–се рӯз ба вай одоби шишту хези даргоҳи ҷаноби олиро ёд медиҳанд. Баъд аз он ба арк узот мекунем.
Мирзоакрамбой шитобон ба ҳавлии боҷааш баргашта, гуфтугӯйи бо Яхшибек кардаашро нақл кард ва фармуд, ки Зебиро ба рафтани ба хонаи удайчӣ тайёр кунанд.
Бо маслиҳати занҳо вай худи ҳамон рӯз барои Зебӣ либосворӣ харида овард. Ду зани дӯзандаро даъват карданд, занҳо чор касу ҳашт даст дар ду рӯзу ду шаб сару либоси лозимаро дӯхта тайёр намуданд.
Хоҳарон духтаракро пеш аз бомдод хезонда оббозӣ кунонданд, бо собуни ироқии хушбӯй хуб шустанд ва баъд ҳариру атлас пӯшонда, бо падараш ба ҳавлии удайчӣ гусел карданд.
Зани удайчӣ се рӯз ба вай «одоби шишту хез»–и ҳузури ҷаноби олиро ёд дод. Ӯ ин корро пеш аз ин ҳам на як бору ду бор карда омада буд ва таҷрибаи калон дошт. Баъд вай бо ёрии хизматгорзанаки хонааш Зебиро дар пеши дарича шинонда мӯяшро шона карда бофт, зулфу печаку каҷакҳо баровард, абрӯвонашро бо мӯчинак чида соз кард, ба чашмонаш сурма кашид, ба рӯяш ғоза молид, дар ду бари рӯ ва занахдонаш аз нил холҳои сунъӣ андохт. Сонӣ ба ангуштонаш ангуштаринҳои гаронбаҳои падараш харидаро гузаронида, ба гӯшҳояш овезаҳои заррини марворидкорӣ, ба гарданаш гарданбандҳои ҷавоҳирнишон овехтанд, ба пешонааш аз болои тоқии тос пешонабанди зардӯзӣ бастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё