АХТАРОНИ АДАБ

Маҳрам қабул кард, дуяшон ба канортар рафта гуфтугӯ карданд. Мирзои Қорӣ аввал аз саломатии ҳазрати амир пурсон шуд, маҳрамро боварӣ дод, ки шабу рӯз дар ҳаққи ҷаноби олӣ даст ба дуо мебошад, баъд аз ин савол кард, ки Яхшибеки удайчиро дидан чӣ гуна муяссар мешуда бошад ва манзили он ҷаноб куҷост.
– Биёед, ман нишон медиҳам, – таклиф кард маҳрам.
Ӯ Қориро ба маҳаллае аз маҳаллоти тарафи шимолии арк бурд. Аҳадхон бисёрии мансабдорон ва маҳрамони карминагияшро бо худ ба пойтахт оварда буд, ҳар кадоми онҳо дар шаҳр ба ҳавлиҳои иҷора ё зархарид истиқомат менамуданд. Маҳрам ба Мирзоакрамбой ҳавлии удайчиро нишон доду кафи даст кушода гуфт:
– Канӣ хизматонаро бароред.
Бой аз ҳамёнаш се танга бароварда дароз кард, маҳрам бо анфу итоб:
– Ҳиммататон ҳамин–мӣ?–гуфт. – Боз шуморо фалонӣ бой мегӯянд! Ин пулатонро ана, ба он поякӣ диҳеду аз чилимаш як қуллоб кашида рафтан гиред!
Мирзои Қорӣ як тангаи дигар изофа кард, маҳрам боз ҳам қабул нанамуд, оқибат панҷ танга дода аз дасташ халос шуд.
Дарбони Яхшибек бойро ба назди хоҷааш даровард.
Удайчӣ дар меҳмонхонаи худ тани ба яктаҳ, сари синаи пурпашмаш бараҳна, ба лӯлаболишт такя карда чилим кашида нишаста буд, магар бо дидани Мирзои Қорӣ воқеаи бедона ба ёдаш омада буд, ки хандид.
– Ҳа Қорӣ? Чӣ гап?
– Тақсир, – дар пойгаҳ зону зада гап сар кард бой, – шумо ҳамеша дар ҳаққи ин ғулом лутфу марҳамататонро дареғ надошта банданавозӣ мекардед, аз барои ҳамин камина боз ба ҳузури шумо омадам.
– Хӯш?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё