АХТАРОНИ АДАБ

лони Русия не нагӯянд, хуб гӯянд, аммо корро бо ҳар хел баҳона файсал диҳанд, ақиб партоянд. Қушбегӣ ва девонбегӣ ваҷҳ гӯянд, ки агар мо ҳозир зиндон, обхонаву канахонаро нест кунем, душманони ҷаноби олӣ, қотилон, дуздон далер мешаванд. Охир, султоне, ки зиндон, дурраю кундаву занҷир надошта бошад, чӣ султонест? Аз вай кӣ метарсад?
Аҳадхон, ки ба суханони Остонақул сари ризоият меҷунбонид, бо хандаи истеҳзо гуфт:
– Чоруқуф боз илтимос кардааст, ки маҳбусони сиёсӣ аз обхонаю канахона ба ҳабсхонаи дигар, аз қабили турмаҳои русию фарангӣ кӯчонда шаванд, муҳлати ҳабсашон, хӯроку пӯшокашон муқаррар шавад.
Остонақул ҳам хандид.
– Ба Шаҳрисабз як нафар сайёҳи рус омада буд, – нақл кард вай, – худаш гиёҳшинос будааст, илтимос карда буд,
1 ки фақир ба вай бор диҳам. Бор додам, омад. Дар байни гапаш гуфт, ки ҷаридаҳои Фарангистон аз ваҷҳи Бухорою Хева дар ҳимояти давлати Урусия бошанд ҳам, дар он хониҳо маҳбусонро ваҳшиёна азоб медиҳанд, заҷр мекунанд, дар зиндонҳои торик зинда–зинда мепӯсонанд ва
2 Урусия худашро давлати мутамаддин мешумораду лекин дар хониҳои ба ҳимояташ будагӣ зиндонҳоро нест намекунонад. Аз ваҷҳи зиндонҳо ба ҷаноби олӣ нома навиштани Чоруқуф ба мулоҳизаи ҳамин айбмонии фарангистониҳост, набошад, Урусияро ба зиндонҳои мо чӣ кор? Фаранг шариати муҳаммадии моро чӣ медонад? Боз худи ҷаноби олӣ беҳтар медонанд–ку, лекин ба ақли кӯтоҳи ин фақир мерасад, ки дар ин бора ба Чоруқуф:
«обхонаю канахона гапи хушкухолӣ аст, инҳо ҳабсхонаи даруни Арк мебошанд, ки аз хонаҳои муқаррарии мусулмонон фарқ надоранд ва ҳам ин ки аз ваҷҳи хӯроку пӯшоки маҳбусон ҳеҷ кӯтоҳӣ карда намешавад» гуфта ҷавоб гардонанд беҳтар мешудагист.
1 . Бор додан – ба маънои қабул кардан.
. Мутамаддин – ботамаддун, маданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё