Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Вақти он расид, ки парда аз рози ниҳонии Остонақул бардорем ва бигӯем, ки вай ҳам монанди Шоҳмуҳаммадқушбегӣ ва Муҳаммадшариф-девонбегӣ мақсадаш Ҳисори Шодмон буд. Ҳисор аз доруламорат дур аст, амиру вазир ба кори ҳокими он вилоят камтар дахолат мекунанд, бий–додхоҳ метавонад дар он ҷо мустақилона қариб ба нисфи мамлакат ҳукмронӣ намояд. Ин буд андеша ва нияти Остонақул. Вай бовар дошт, ки амири нав бародарони аз худаш калонсолро (амирзодаҳои ҳокими вилоятҳо аз Аҳадхон калонсолтар буданд) ва албатта, дар навбати якум бародари аз ҳама калонаш–ҳокими Ҳисор Муъминтӯраро аз мансабҳояшон бекор хоҳад кард, зеро ки онҳо дилозурда мебошанд, вориси тахти падар шудани додарашонро ноҳақ ҳисоб мекунанд ва бадхоҳони ваянд. Маснади ҳокимии Ҳисор ба ин зудӣ холӣ хоҳад шуд. Остонақул ба мукофоти хизматаш он маснадро аз амири нав дархост хоҳад кард.
Тамаъи ҳокимии Ҳисор дар дили Остонақули аҳвомпараст баъди як хоби дидагиаш мустаҳкам гардид. Шабе аз шабҳо дар Шаҳрисабз ӯ хоб дид, ки шамоли тӯфоние хестаасту вай дар болои харсанге истода харобкории онро тамошо мекунад – тӯфон иморатҳоро ғалтонда рӯфта мебурд, дарахтонро мешикаст. Остонақул пагоҳӣ мунаҷҷимро талабида аз вай таъбири хобашро пурсид. Мунаҷҷим аввал донистанӣ шуд, ки аз тӯфон ба шахси Остонақул осебе расид ё не. Остонақул ҷавоб дод, ки не, нарасид, тӯфон вайро ҳатто аз ҷояш наҷунбонид. Он гоҳ мунаҷҷим китобҳояшро дида, хоби ҳокимро чунин таъбир кард: дар мамлакат фитнаву ошӯбе хоҳад бархост, ҳокимон ва дигар бузургони мамлакат аз маснаду мансабашон ҷудо гашта ба ҳар тараф пароканда хоҳанд шуд, аммо Остонақул дар маснадаш барқарор хоҳад монд ва чун ӯ дар хобаш ҳангоми тӯфон бар болои харсанге истода буд, гумони ғолиб бар он меравад, ки пойгоҳи мақому маснади мазкур дар ҷойи кӯҳистон бошад... Остонақул ба таъбири хобаш бовар кард. Вай «фитнаю ошӯб»–ро тасаллути наздики Русияи подшоҳӣ дар аморати Бухоро донист.

пешина
аз 471
навбатӣ