АХТАРОНИ АДАБ

Дар баъзе ҷойҳо ясавулон мардумро бо чӯбдасту қамчинҳо саркӯбӣ намуда ба канор меронданд. Ҳолату ҳангома шабеҳи он буд, ки гӯё ба шаҳр фотеҳи бегонае бо ӯрдуи ҷаррори худ дохил шуда бошад.
Ба арк даромадан замон нахустин фармони фармонфармои нав ин буд, ки мурдаи падарашро зудтар гӯронанд. Дар давлатхона будани ҳатто мурдаи амири собиқ ҳам барои худро ҳокими мутлақ ҳис кардани Сайид Абдулаҳад Баҳодурхон халал мерасонд.
Фармон ҳамон соат ба ҷо оварда шуд. Мурдаро бо шитобу ҷадал ба мазори ҳазрати Имло бурда ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш.
Аҳадхон дар арк се рӯзро ба истироҳат ва айшу ишрат гузаронд. Рӯзи чорум – даҳуми моҳи сафар ӯ баъд аз базми шароб ва рақсу суруди амрадҳо аз хоб дер хеста, соати ёздаҳи рӯз бо сари аз нашъаи шароби дишаба гарон ва чашмҳои хумори мастона ба айвони сарое, ки дар он ҷо тахти амир истода буд, баромад.
Дар сарой як чорсад нафар саркардаву мансабдор, сарони қавму қабилаҳои ӯзбек, калонҳои рӯҳониёни Бухоро ҷамъ шуда, дар интизори баромадани валиаҳд истода буданд. Тахти амир–санги мармари хокистарранги кабудтоб, қадаш ду газ ва бараш ҳам ду газ–бо ҳафт қабат дебои ҳиндиву бухорӣ пӯшонида шуд. Ба пеши тахт намади чун барф сафедеро паҳн карданд.
Аҳадхон дар ҷавоби таъзиму тавозӯъи ҷамоат коҳилона саре ҷунбонида ба рӯйи намад нишаст. Ҳамин, ки нишаст, мансабдорони калон, сарони қабилаҳо ва калонҳои рӯҳониён намадро якбора аз чор тарафаш гирифта, тӯраро бардошта ба болои тахт нишонданд. Аз онҳо яке Остонақул буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё