Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Остонақул фармуд, он марди дастгиршударо аз дарахтзор оварда дар пешгоҳи ӯ ҳозир сохтанд. Вай ҳамон маҳрам– даҳбошии қушбегӣ буд.
– Ту? – дар ҳайрат монд қушбегӣ.
Маҳрам–даҳбошии аз тарс ларзону рангпарида рикоби хоҷаашро мебӯсид.
Қушбегӣ ба Остонақул теғ кашида нигоҳ кард:
– Худаш чӣ гап, бий–додхоҳ?
– Ҳеҷ гап не, аморатпаноҳ, сарбозон мувофиқи фармони ин фақир амал кардаанд, – даст ба манаҳаш бурда ришхандашро пинҳон карда гуфт Остонақул.
Вай пештар мисли ин ки ба нақшаи қушбегӣ пай бурда бошад, дар дами ҷонкании амир фавран як навкари худро ба назди ин дастаи сарбозонаш фиристода буд бо чунин фармон, ки онҳо ҳар касеро, ки аз ҷониби Ширбадан омада ба шаҳр рафтанӣ шавад, дастгир кунанд ва нигоҳ доранд.
Қушбегӣ чеҳрааш хира гашт, сар ба зер афканда ба замин нигоҳ кард. Девонбегӣ, магар аз ғазаб ё аз тарс бошад, ки манаҳаш ларзида ришу бурути сиёҳаш меҷунбид. Онҳо фаҳмиданд, ки бозиро бохтаанд. Ин гурги борондида ва дар айни ҳол рӯбоҳи маккор – Остонақул пешдастӣ карда нақшаи онҳоро барбод дод...

пешина
аз 471
навбатӣ