Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Аммо агар нек мулоҳиза кунем, – суханашро давом дод Остонақул, – маълум мешавад, ки фикри шоир саҳеҳ нест, худи тимсоли аморатпаноҳ даъвои шоирро рад мекунад. Ҷаноби аморатпаноҳ баъди сисолагӣ ҳам нишоти умрро дидаанд, дар чилсолагӣ корашон на ин ки таназзул надида, балки дар айни равнақу ривоҷ будааст, дар панҷоҳ ҳеҷ сустӣ наёфтаанд, дар шаст билкул тандуруст будаанд, аз ҳафтод ҳам сиҳат саломат гузаштаанд, акнун боз бардаму бақувват рӯ ба ҳаштод рафта истодаанд.
Илоҳӣ, ба сад дароед, аморатпаноҳ, шумо иншоаллоҳ, дар навад ва сад ҳам асло навмед ё аз умр безор намешавед, албатта. Алалхусус, агар ин умри дароз мисли умри шумо ҷоҳи олӣ ва бо ин давлату комронӣ гузарад. Ҳамин тавр не, аморатпаноҳ?
«–Маккор! Гапро гурезонда, маро газида истодааст, – маънии кинояҳои рақибашро фаҳмида ба дил гузаронд қушбегӣ. – Гуфтан мехоҳад, ки дар маснади қушбегигӣ дер нишастӣ, пир ҳам шудаӣ, акнун ҷойро холӣ кун. Ба ман таҳдид ҳам мекунад. Не бародар, ман пир шуда бошам ҳам, ҳоло камони қоматам монанди ту садҳо «тир»–ро дар хок пинҳон мекунад».
Вай дар ҷавоби кинояҳои ҳарифаш гуфт:
– Умри дарози ман агар ба дигарон гаронӣ карда бошад ҳам, ба худам гаронӣ намекунад, бий–додхоҳ. Агар Худои таоло ба карами худ ба ин ғулом боз ҳамин қадар умр ато кунад, ҳамаашро вақфи сайидам, мавлоям, валинеъматам мекунам.
– Ин фақир ҳам ҳамин гапро гуфтанӣ будам, аморатпаноҳ, – ҳозирҷавобӣ кард Остонақул, – яъне ки ба ҷаноби шумо на бори умр ва на бори гарони вазорат ҳеҷ вақт гаронӣ намекунад, шумо дарвоқеъ, пири пилтан ҳастед.
Хомӯшии дарозе ба миён омад, ки дар давоми он Остонақул донаҳои ёқутии тасбеҳашро ду бор шумурда баромад.

пешина
аз 471
навбатӣ