АХТАРОНИ АДАБ

Таърифи ҳунарҳои Мулло Сафар аз забони донишманде ҳамчун Аҳмад Махдум ӯро ниҳоят шод ва хушнуд гардонида бошад, танқиди Махдум шармсор ва мулзамаш сохт.
– Ин шикастанафасӣ аз некии зоти ҳазратам аст, ки бузургии ҳазратамро дар чашми банда, дуболо мекунад, – худро гум накарда муаддабона гуфт Мулло Сафар, – аммо таманно дорам, ки ҳазратам ба карами худ гуноҳи бандаро афв фармоянд, зеро, ки «гадо агар тавозӯъ кунад, хӯйи ӯст».
– Ҳеҷ гап не, ҳеҷ гап не, – неши танқидашро кунд карданӣ шуд Махдум, зеро ба Мулло Сафари хаттот ва наққош ғоибона иродате дошт. – Аз г–гапи ман наранҷед, ман ҳурмати ш–шуморо медонам. Касеро, ки ман ҳ– ҳурмат намекунам, ҳаргиз ба рӯяш ин навъ с–суханҳо намегӯям... Ҳар гоҳ ки б–ба Бухоро рафтед, ба п–пеши мо биёед, чақ–чақ мекунем...
Мулло Сафар ин даъвати лутфомези Аҳмади Донишро ба ҷон пазируфта, баъдҳо дар Бухоро чандин бор ба наздаш рафт, бо ӯ мусоҳиб шуд. Дар дилаш Донишро шахси фарзонӣ ва муаллими сонӣ хонда, мухлиси дилбохтаи ӯ гашт.
Ҳоло хонанда бояд пай бурда бошад, ки ҳар он чи Мулло Сафар дар бораи аҳволу атвори аморат ва афъоли соҳибмансабони вай ба Восеъ ва Назир гуфт, бо забони Аҳмади Дониш ва китобҳои ӯ гуфт...
Восеъ ва Назир дар ҳуҷраи Мулло Сафар камобеш ду моҳ зистанд.
Ду ҳафтаи аввал Восеъ ҳар рӯз ба бозорҳо баромада ҳаммолӣ мекард ё дар маҳаллот ва боғоти шаҳр мардикорӣ менамуд. Ба бозёфти муздурии худ чизе аз озуқа ва нон харида меовард, бадин ваҷҳ деги Мулло Сафар низ ҳар бегоҳ ҷӯшида меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё