АХТАРОНИ АДАБ

Ҳамаи «назму насақ»-и аморат, феълу атвори «ҳукамо ва уламо»-и Бухоро ба назараш ниҳоят расво, паст, нолоиқ намудан гирифт. Ӯ фаҳмид ва қонеъ шуд, ки салтанати амирони охирини манғития «аз ғайри ҳақ ва аъмолашон хилофи шариат» аст.
Сонитар ӯ бо Махдум шахсан шиносо шуд.
Боре ӯ дар аввали баҳор баъд аз сиҳат ёфтанаш аз касалии вабо, пиёда ба тарафи Кармина саёҳат карда, як ҳафта деҳа ба деҳа ва манзил ба манзил гашта ба мазори Қосимшайх расид ва шаш моҳ дар сари он мазор шарики назру ниёзи шайхон ва дарвешон шуда истиқомат кард.
Аз рӯзҳо як рӯз се–чор нафар муллои роҳгузар дар он ҷо ба зиёрати мазор таваққуф намуданд. Яке аз онҳо марди қоматбаланд ва каллакалоне буд, ки дигар ҳамроҳонаш бисёр иззату ҳурмат менамуданд. Он мард андак забонаш гирифта сахт–сахт гап мезад, аммо фақат оҳанги гуфтораш сахт буд, вагарна суханҳояш ҳама духӯра, тагдор, бозарофат ва ба ҳазлу мутоибаҳои ширин омехта буданд.
Каллаи калонаш андак ба як сӯ хам буд.
Аз рӯйи ин нишонаҳо Мулло Сафар донист, ки он шахс Аҳмади Дониш аст. Муллои мазорнишини мо, ки дербоз таманнои дидор ва дастбӯсии «он азиз»-ро дар дил дошт, бе ҳеҷ муқаддима якбора ба пойи ӯ ғалтида кафши хоколудашро бӯсид ва гирист. Дар ҳолате, ки рӯяш ба замин буд, овози қаҳролуди Махдумро шунид, ки бо забони лакнатдор сахт–сахт мегуфт:
– Ин чӣ зиллат, чӣ з–забунист? Шумо кистед, чаро х– худатонро ин қадар хор медоред? Ман худ к–кистам, ки ба поям меғалтед? Хезед!
Мулло Сафар ҳайрон шуд, саросема гардид. Ӯ дар умраш ба пойи бисёр «азизони соҳибкаромат» ҷабҳасоӣ карда буд, ҳамаи онҳо таъзиму тавозӯи ӯро ҳамчун як нишонаи одии ихлосмандӣ ва савобҷӯӣ пазируфта дар ҳаққаш дуо мекарданд. Бинобарин, он чи ки ҳоло муллои мо аз ин “Эшон” шунид, тамоман аз ғайри чашмдошти ӯ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё