Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мулк вайрон, шариат хор, дину диёнат зери по... Уламои ҳақношинос чокари амиру вазир шуда, манфиати ҳозираи худро мадди назар карда, «молу мулки фуқаро ҳамагӣ аз они ҷаноби олӣ аст, раиятро ҳаққи моликият нест; агар амир ҳар чиз аз фуқарои худ ситонда гирад, ҷабру зулм накардааст, балки аз молу мулки худ гирифтагӣ ҳисоб мешавад», – гуфта фатвоҳои номашрӯъ медиҳанд. Амир фосиқ ва ғофил, вазир ноомил, раису қозӣ ришватхор, мушриф молимардумхӯр, миршаб шарики дузд, амини бозор ҳаромхӯр, ноиб обфурӯш... Аз рӯйи шариати муҳаммадӣ ҳеҷ кадоми инҳо ҳаққи фармонравоӣ кардан надоранд; агар касе ба ҳукму фармонҳои онон итоат накунад, гунаҳгору ёғӣ намешавад... Ҳар чизе, ки онҳо ба номи хироҷу ушру закоти савоим аз фуқаро меситонанд, ҳама ноҳақ, ҳама яғмогарист...
Восеъ ба даҳони гӯянда чашм дӯхта карахт шуда монд.
Мулло гӯё, ки дили Восеъро кафонда нигоҳ карда, дарду алами ӯ, рози ниҳонии ӯ, хаёлу андешаҳои ӯро дарёфта тафсир мекард. Назир ҳам дам ба дам нимхез шуда гӯши росташро ба тарафи мулло карда, (зеро гӯши чапи ӯ андак вазнин буд) кӯшиш менамуд, ки ягон калимаи ӯро нашунида намонад.
– Давлати амир дер намепояд, – такрор кард, Мулло Сафар. – Ман дар китоби Алломаи Дамирӣ хондам, он бузургвор мефармоянд, ки ҳар як подшоҳи шашум аз тахташ меғалтад, сарнагун мешавад. Музаффархон ба шумор амири манғития, аммо аслан амири шашум аст: амакҳои вай Ҳусайнхон ва Умархон ҳар кадоме як моҳ–ду моҳ дар тахт нишаста бошанд ҳам, зотан подшоҳӣ накардаанд, кушта шудаанд; инҳо ҳисоб не. Писари калонии амир – каттатӯра Абдулмаликро дар Ҳиндустон аз англис ва аз амири Афғонистон Абдурраҳмонхон мадад гирифта, лашкар гирд оварда гаштааст, ба ин тараф лашкар кашида бо падараш нияти ҷаҳод кардан дорад мегӯянд.

пешина
аз 471
навбатӣ